05:19 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1760 0 0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани маҳудудият дар воридот ва ихроҷ аз Тоҷикистон хабар дод. Аммо гурӯҳе аз шаҳрвандон аз ин тартибот истисноянд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки бо мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавируси COVID-19 ин иқдом пеш гирифта шудаст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд.

Дафтари матбуоти ВУХ менависад, ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд.

18 вагон орду маводи тиббӣ: кумаки башардустонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид

"Дар сурати ворид шудани ин  гурӯҳ шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз зери назорати  карантинӣ қарор мегиранд", -афзудааст манбаъ.

Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбат ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ) ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намегарданд.

Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ