14:57 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (424)
173 0 0

То рӯзи 9 апрел дар 1 ҳазору 133 хоҷагӣ, 100 муассисаҳои таълимӣ, 176 масҷид, бозори марказии ноҳия ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус ва дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва  паҳншавии сирояти  мазкур дар ноҳияи Ёвон чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Тавре Вазорати тандурустӣ бо такя ба аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, айни замон дар ноҳияи мазкур аз ҳисоби шӯъбаҳои дезинфексионии Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ ва маркази тропикӣ шӯъбаи дезинфексионӣ ташкил гардидааст.

Пешгӯии ҳаяҷонангези коршинос: коронавирус ба Тоҷикистон ҳам мерасад

"То имрӯз (манзур аз 9 апрел - шарҳ аз идора) аз тарафи гурӯҳҳои дезинфексионии ноҳия дар 1 ҳазору 133 хоҷагӣ, 100 муассисаҳои таълимӣ, 176 масҷид, бозори марказии ноҳия ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, корҳо дар ин самт дар деҳот ва дигар субъектҳои хоҷагидории ноҳия идома доранд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки айни замон аз ҳисоби  кормандони сохторҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ёвон 87 гурӯҳҳои ташфиқотию тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо байни мардум оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корбарӣ менамоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (424)
Барчаспҳо:
вирус, маводи безараркунӣ, безарар кардан, Ёвон

Мавзӯъҳои асосӣ