05:31 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар бино бар маҳдуд шудани баромад ва даромад дар мондаанд, метавонанд мӯҳлати раводидашонро тамдид кунанд

ДУШАНБЕ, 10 апр— Sputnik. Дар Тоҷикистон мӯҳлати раводиди шаҳрвандони хориҷиро тамдид мекунанд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии кишвар гузориш медиҳад.

"Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, то ба эътидол омадани вазъ тамдид мешавад", - омадааст дар баёнияи вазорат. 

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои тамдиди раводид метавонанд ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд ва ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ба воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад

Бояд таъкид кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории мамлакат мавриди баррасӣ ва иҷрои фаврӣ қарор дода мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ