10:36 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
351 0 0

Ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушоияти гумрукӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти алоҳида дар мувофиқа бо масъулони назорати вазъияти беҳдоштию эпидемиологӣ амалӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 10 апр— Sputnik. Дар Тоҷикистон тартиби нави муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти боркаши автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. 

Тавре ВУХ Тоҷикистон гузориш медиҳад, минбаъд ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда иҷозат дода мешавад.

Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо онҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда, дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешавад.

"Дар ҳолати дар нақлиёти боркаши автомобилӣ мавҷуд будани ядак ва нимядаки ҷудошаванда, молҳои воридшаванда аз сарҳад то маҳалли таъйинот тариқи ядаккашҳои ватанӣ интиқол дода мешаванд", - қайд мекунад манбаъ.

Пас аз барасмиятдарории гумрукии молҳо, баргардонидани ядак ва нимядакҳои хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳад ва ё терминалҳои наздисарҳадӣ амалӣ мегардад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ тибқи мувофиқаи пешакӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳаракати нақлиёти автомобилӣ бо борҳои таъйиноти махсус барои иншооти стратегӣ ва кумаки башардӯстона бо таъмини мушоияти гумрукӣ ва назорати карантинӣ то нуқтаҳои таъйинотӣ сурат мегирад.

ВУХ аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

Ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушоияти гумрукӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти алоҳида дар мувофиқа бо масъулони назорати вазъияти беҳдоштию эпидемиологӣ амалӣ мегардад.

Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда, ба ғайр аз молҳое, ки бо ядакҳо ва нимядакҳо интиқол дода мешаванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ анҷом меёбад.

Тартиби мазкур муваққатӣ буда, пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ бекор карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ