01:05 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94210

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории наваскарон, ки тайи 13 рӯз ба ин сӯ идома дорад, аз нисф зиёд иҷро шудааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Як манбаъ дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то шанбеи гузашта нақшаи даъват ба 55 фоиз баробар шуд.

“Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал 100 фисад иҷро кард. Нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 46%, Суғд – 38%, навоҳии тобеи марказ – 72% ва дар шаҳри Душанбе – 75% иҷро шудааст”, - гуфт ин манбаъ.

Бино ба иттилои расмӣ, даъвати баҳориро ба ғайр аз ВМКБ шаҳру навоҳии Норак, Данғара, Носири Хисрав, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Ваҳдат, Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод пурра иҷро карданд.

Даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз шуда, шаҳрвандонеро, ки соли таваллудашон миёни солҳои 1993 ва 2002 аст, дарбар мегирад.

Ҳамасола 15-16 ҳазор ҷавонмарди синни 18 то 27 дар Тоҷикистон ба хидмати сарбозӣ ҷалб мешаванд. Тибқи додаҳои расмӣ, шумори ҷавонони синни даъват дар кишвар 600 ҳазор нафар буда, 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмати сарбозӣ озод шудаанд, ё имкони хизматро надоранд.

Барчаспҳо:
нақша, артиш, наваскарон, даъвати баҳорӣ, хизмати ҳарбӣ

Мавзӯъҳои асосӣ