10:19 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2184904

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд марги Шодмон Раҷабов, маъруф ба "Шодмони Танӯркабоб" – ро аз бемории "вируси корона" рад карда, мегӯянд, мавсуф дар пайи маризии сил даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шодмон Раҷабов, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Шаҳристон, 11 апрел дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сили вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳраки Деҳмой фавтидааст.

"3 апрел марҳум дар сауна аз гармохунукӣ меафтад. Аз хавфи ин ки қафаси синааш осеб бардошта ё шикастааст, ба маркази саломатии ҷои зисташ дар Шаҳристон муроҷиат мекунад. Ба ӯ гуфта мешавад, ки қафаси синаашро рентген карда ояд. Рентген карда меояд ва хоҳиш мекунад, ки ӯро хобонанд. Чун мебинанд, ки ҳеҷ ҷояш шикастагӣ нест, мегӯянд, зарурати хобондани шумо нест, аммо метавонед дар дармонгоҳ (терапия) хоб кунед. Ӯ бистарӣ шуданро рад мекунад. Аммо вақте ба хона бармегардад, боз эҳсоси дард менамояд. Ба шаҳри Хуҷанд омада, дигарбора рентген мекунад ва бо шубҳаи ин ки гирифтори сил шудааст, дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сил бистарӣ мешавад ва ҳамон ҷо мефавтад", - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

Қаблан ин овоза дар Шаҳристону Истаравшан афтода буд, ки Шодмон Раҷабов, дар миёни мардум маъруф ба "Шодмони Танӯркабоб" соҳиби ошхонаи маъруфи кабоби танӯрӣ дар канори шоҳроҳи "Душанбе – Чаноқ", шурӯъи ағбаи Шаҳристон ва ҳамсари ӯ аз маризии "вируси корона" (COVID – 19) фавтидаанд.

Бино ба ин овозаҳо, ӯ барои овардани моли чорво ба Ӯзбекистон низ сафар кардааст ва ҳоло аҳли хонаводаи ӯву ҳатто ошхонааш таҳти қарантина қарор доранд.

Полетаев гуфт, чаро коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст

Маъруф Ҳоҷибоев мегӯяд, пас аз ошкор шудани нишонаҳои маризии сил дар мутаваффои мазкур аҳли хонаводаи ӯро низ ба шубҳаи ин беморӣ бистарӣ кардаанд ва зиддиунфунӣ кардани ошхонаи ӯ як амри маъмулӣ аст, ки дар тамоми корхонаҳои кишвар идома дорад.

"Ӯ гирифтори диабет ё қанди инсулинвобаста буда, дар гурдааш нефропатияи қандӣ (диабетическая нефропатия) низ дошт. Аз ин хотир, ҳамеша ниёз ба назорати тиббӣ дошт. Ӯ ҳеҷ рабте ба манбаъи вирус надошт ва ба хориҷа ҳам нарафтаву аз хориҷа ҳам ворид нашудааст", - гуфт муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд.

Қаблан вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сабаби марги Оишамоҳ Алимова, соли таваллудаш 1962, як корманди Беморхонаи марказии вилоятии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлонро сили иртишоҳӣ (инфильтративный туберкулёз) – и қисми мобайнии ҳарду шушҳо хонда буд.

Аз ин пеш сабаби марги Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов "бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" ва қабл аз ӯ Ҳабибулло Шодиев, сокини деҳаи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав" – и ноҳияи Ҷаббор Расуловро пневмонияи дутарафа унвон карда буд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни як иттилоия гуфт, ки дар мавсими баҳор ин қабил маризиҳо, аз қабили зуком ва маризиҳои хроникӣ авҷ гирифта, сабаби фавт мешаванд ва набояд он ҳама маргҳои табииро ба "вируси корона" рабт дод.

"Дар ҳолати ба қайд гирифтани мавриди гирифторӣ ба "вируси тоҷдор" дар кишвар ин ниҳод расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани он ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд", - гуфт Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ҳамин минвол, бо радди рабти мавориди боло бо "вируси корона" Тоҷикистон як кишвари орӣ аз гирифторӣ ба ин маризӣ боқӣ мемонад.

Барчаспҳо:
мақомот, шарҳ, марг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ