Арзиши асъор: Бонки миллӣ қурби рублро каме пасттар эълон кард

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкБанкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей
Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои бонки асосӣ, арзиши рубл нисбат ба сомони имрӯз 0,1367 сомонӣ аст, ки назара ба чанд рӯзи ахир, ин нишондод каме поёнтар аст

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард. Бино бар иттилои ин бонк, арзиши рубл нисбат ба сомонӣ дар 1000 рубл қариб то 2 сомонӣ поёнтар рафтааст.

Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ қурби рубл ва долларро барои имрӯз эълон кард
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1367 то 0.1385 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  10.2489 то 10.2500 сомонӣ ва 1 евро муодили 111.1498 то 11.3000 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 10.2489 сомонӣ, 1 евро - 11.1498 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1367 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ёдрас мешавем, кишварҳои тавлидкунандаи нафт моҳи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд.

Рубл ба таври рекордӣ дубора ҷояшро мегирад: 152 сомонӣ шудааст

Нархи нафти навъи Brent дар рӯзи аввали моҳи март якбора поин рафта, то 31,43 доллар сари ҳар баррел расид, ки поинтарин нишондод дар 4 соли охир мебошад.

Бар асоси натиҷаҳои ахир дар биржаҳои ҷаҳонӣ, нархи як баррел нафт якбора 14 доллар коҳиш ёфта, то 31,02 доллар поин омад, ки камтарин нишондод аз моҳи январи соли 2016 мебошад.

Аммо ҳафтаи ахир рубл дар бозори Тоҷикистон қариб ки ҷои пештарашро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0