Донишҷӯёни се донишгоҳи Тоҷикистон ба Ҷопон мераванд

© Министерство Образования и науки РТВстреча министра образования и посла Японии в Душанбе
Встреча министра образования и посла Японии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъаларо дирӯз, 15 апрел, вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки  доир гардидааст.

Министр здравохранние Олимзода встретился с послом Японии - Sputnik Тоҷикистон
Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад

Бино ба гузориши Вазорати маориф, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, қайд карданд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти маориф ва илм дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ ва Протоколи ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон - Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, феълан дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия омӯзиши забони ҷопонӣ таълим дода мешавад.

"Ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни наттоқи забони ҷопонӣ баргузор мегардад. Инчунин, донандагони забони ҷопонӣ ҷиҳати таҳсил ва такмили забономӯзӣ ба Ҷопон сафарбар гардида, омӯзгорони соҳибзабон ва соҳибкасби забони ҷопонӣ ҷиҳати тадриси забони ҷопонӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои болозикр аз Ҷумҳурии Ҷопон ҷалб карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон се муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва ноҳияи Файзобод бо маблағи 3,6 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дар охири суҳбат ҳавасмандии худро вобаста ба боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм иброз намуда, пешниҳодҳои мушаххас ва судманд манзур намуданд.

Лентаи хабарҳо
0