Идомаи муборизаи пизишкони Эрон бар коронавирус: беш аз 52 ҳазор нафар беҳбуд ёфт

© Vahid SalemiДезинфекция улиц в Тегеране
Дезинфекция улиц в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, токунун 52 ҳазору 229 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошти Эрон, имрӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, якҳазору 606 бемори ҷадид мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд.

Пара в защитных пасках на улице в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Наздики 50 ҳазор бемори коронавирус дар Эрон шифо ёфтанд

Вай афзуд, дар маҷмӯъ теъдоди афроди мубтало ба ин вирус дар кишвар ба 77 ҳазору 997 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 92 бемори дигар дар 24 соати гузашта, афзуд, дар маҷмӯъ аз замони шуюи вируси корона дар Эрон токунун 4 ҳазору 869 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи панҷшанбе ба беш аз 2 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз 135 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 516 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0