03:04 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2496 0 0

Муҳаққиқи покистонӣ мегӯяд, меъмори Тоҷмаҳал, яке аз “Ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳон” аслан аз Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз аст

ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Устод Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, сармеъмори салтанати Шоҳ Ҷаҳон, ки мақбараи Мумтоз Маҳалл, маъруф ба Тоҷмаҳал дар Аграи Ҳиндро тарроҳӣ кард, аслан аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз аст.

 “Падари вай, шайх Ҳамид Сиддиқӣ, аз Хуҷанд, қаламрави Тоҷикистони имрӯз пас аз забти Ҳинд аз сӯи Бобур муҳоҷират карда, дар шаҳри Лоҳур, пойтахти вилояти Панҷоби Покистони имрӯза, он замон императории Муғули Аъзам сукунат ихтиёр кардааст.

Тамоми аъзои хонаводаи вай дар илми меъморӣ аз ҳушу заковати беназир бархурдор буданд ва ин суннат дар байни фарзандону набераҳои вай давом дошт. Устод Аҳмад асареро дар риёзиёту ҳандаса таҳти унвони “Рисолаи Аҳмади Меъмор” низ навиштааст”, - гуфт  Ориф Ҳасан Охундзода.

Дар бора ин, ки сармеъмори Тоҷмаҳал кӣ буд, муҳаққиқони аврупоӣ, аз ҷумла меъморони аврупоӣ, назири Ҷеронимо Веронеои итолиёӣ, ду фаронсавӣ - Остин (ё Августин) ва Жан Боптист Товарния, манобеъи шарқӣ Исо ва Амонуллохон, ҳарду аз Шерозро низ ном бурдаанд. Аммо манобеъи аввалия Аҳмади Меъморро муаллифи ин шоҳкори меъмории ҷаҳон меҳисобанд.

Иддаои муҳаққиқи покистонӣ дар ҳолест, ки то кунун Устод Аҳмади Меъмор дар таърихнигорӣ ҳамчун тоҷик ва эронӣ муаррифӣ шуда, зодгоҳи ӯ Бадахшони Афғонистон (1580) гуфта мешуд.

Вай мегӯяд, ба ҷуз манобеъи шарқӣ, муаллифони китоби муътабари “Донишномаи исломӣ”, ки аксаран аврупоиянд, бар пояи манобеъи таърихӣ маҳз решаҳои хуҷандии Аҳмади Меъморро собит кардаанд.

“Бино ба ин манобеъ, император дар талоши худ барои эъмори қасри орзуҳояш бисёре аз мутахассисони бузурги ҳиндӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ҷеронимо Веронео (Geronimo Veroneo) муҳандиси итолиёии шаҳри Венетсияро барои ироаи тарҳ даъват карда буд, аммо саранҷом нубуғи истеъдоди Аҳмад яке аз ҳафт шигифтро ба ҷаҳониён бахшид. Шоҳ Ҷаҳон барои ба расмият шинохтани дастоварди олии устод Аҳмад ӯро бо унвони “Нодир ул-аср” қадрдонӣ кард”, - афзуд Ориф Ҳасан Охундзода.

Лутфуллоҳ Муҳандӣ, писари Аҳмади Меъмор, ахтаршинос ва риёзидони маъруфи замони худ, дар яке аз китобҳояш аз ду меъмори Тоҷмаҳал - Устод Аҳмад Лоҳурӣ ва Мир Абдукарим ёдоварӣ кардааст.

Манобеъи мухталиф инчунин бар ин иттифоқи назар доранд, ки Устод Аҳмад Лоҳурӣ сармеъмори Лол Қалъа ё Қалъаи Сурхи шаҳри Деҳлӣ (1638 - 1648), яке дигар аз намунаҳои меъмории Ҳинд, низ будааст.

Устод Аҳмади Меъмор ва писараш Лутфуллоҳ Муҳандӣ танҳо шахсияти маъруфи хонадонаш набуданд.

Писари дигари ӯ – Нуруллоҳ низ ситорашинос ва хушнавис буд. Фарзанди Нуруллоҳ - Калимуллоҳ Ҷаҳонободӣ, яке аз орифон ва ислоҳталабони машҳури тариқати чиштияи тасаввуфи Ҳинд, муаллифи китоби маъруфи “Кашкӯли калимӣ” аст.

Дар ҳамин ҳол, олимони тоҷик бар инанд, ки асли тоҷикии сармеъмори Тоҷмаҳал – ин мӯъҷизаи меъмории ҷаҳон хабари хуш аст, аммо бо далоили мувассақ бояд собит карда шавад.

Ҳабибулло Раҷабов, ҳиндшиноси маъруфи тоҷик, мегӯяд, воқеан, пас аз забти Ҳинд аз сӯи Бобур, фарде, ки хостгоҳаш Осиёи Марказӣ буд, мардуми зиёд, аз ҷумла зиёиёни тоҷик рӯ ба он кишвар овардаанд, аммо дар ин бора, ки Тоҷмаҳал маҳсули нубуғи як тоҷик бошад, манобеъи таърихӣ то ба ҳол хомӯшанд.

“Агар муҳаққиқи покистонӣ дар ин маврид санаду мадорики кофӣ ироа ва собит кунад, ки Тоҷмаҳалро як тоиҷкасл бунёд кардааст, ҳарфи хуб ва хабари хушест. Аммо дар ҳоли ҳозир онро фақат метавон ба масобаи як фарзия ё гипотеза метавон баррасӣ кард, на аз ин беш”, - гуфт Ҳабибулло Раҷабов.

Тоҷмаҳал (1632-1653) ба дастури Шоҳ Ҷаҳон, панҷумин императори Муғули Аъзами Ҳинд ба манзури ёдбуди ҳамсари эрониаш ба номи Арҷмандбону Бегим, машҳур ба Мумтоз Маҳалл, ки соли 1631 дар сафари ҷангӣ ба ҳангоми таваллуд фавт кард, бино шудааст.

Тайи чанд моҳ пас аз аввалин солгарди марги малика сохтмони шоҳкори ҳайратангез аз санги мармар шурӯъ шуд. Худи Шоҳ Ҷаҳон низ баъдтар дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Тоҷмаҳал беҳтарин намунаи меъморӣ ба сабки курагонӣ ё муғул буда, унусурҳои сабкҳои меъмории ҳиндӣ, эронӣ ва арабиро низ таркиб мекунад. Он соли 1983 ба унвони мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО минҳайси "Марвориди ҳунари исломӣ" пазируфта шуд.

Тибқи як тарҳе, ки аз сӯи як созмони ғайритиҷории New Open World Corporation (NOWC) ба ибтикори Бернард Вабер (Швейтсария) роҳандозӣ шуд, 7 июли соли 2007 Тоҷмаҳал яке аз “Ҳафтан мӯъҷизаи ҷадиди олам” интихоб шуд.

 Тоҷмаҳалро “рамзи ишқ” меноманд ва шоири бузурги Ҳинд Робиндронат Такур онро "ашке бар чеҳраи абадият" номидааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Хуҷанд, ҷаҳон, Покистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ