20:47 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1164 0 0

Дар пайи паҳншавии бемории коронавирус дар сартоосари ҷаҳон баргузории “Ҳаҷ -2020” зери суол рафтааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Шӯрои уламо Тоҷикистон ахиран гуфт, бинобар пандемия имсол маросими ҳаҷ доир намешавад ва ба мусалмонони кишвар маслиҳат дод, ки маблағҳои ҷамъкардаашонро барои ин ният дар кучо сарф кунанд

“Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд”,- омадааст дар қарори Шӯрои уламои кишвар. 
Тибқи ин қарор ҳамчунин намозҳои ҷамоат, таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳоро манъ карда шуда, таъкид шудааст,  закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.
Ин қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҳолест,  ки қаблан Арабистони Саудӣ аз кишварҳои мусалмонӣ хост омодагиро ба мавсими ҳаҷи 2020 бо сабаби паҳн шудани сирояти коронавирус ба таъхир андозанд.

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

Арабистони Саудӣ тариқи намояндагиҳояш кишварҳоро огоҳ сохтааст, ки ҳоло зоиринро сабти нома накунанд ва бо ширкатҳои ҳавоию меҳмонхонаҳо шартнома набанданд то баъдан дучори зарар нагарданд.

Ин кишвари қабулкунандаи зоирин танҳодар бораи ба таъхир андохтан гуфтааст, аммо дар бораи пурра баргузор нагаштани “”Ҳаҷ-2020” чизе нагуффтааст.

Барчаспҳо:
маблағ, Шурои уламои ҶТ, Ҳаҷ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ