07:09 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (743)
2560 0 0

Раёсати тандурустии вилояти Суғд вазъи саломатии шоирони маъруфи тоҷик Фарзона ва ҳамсари ӯ, Толиб Озарахшро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт аз он, ки Озарахш дар беморхона табобат мегиранд, шоира Фарзона машғули нигоҳубини шавҳар ҳастанд.

 “Озарахш, аз ҳисоби каме шамолхурӣ, ба илтиҳоби роҳи болоии нафас гирифтор шуда, аз ин ҳолат тасф кардаанд. Ҳоло барои муолиҷаи он дар беморхона қарор доранд. Саломатии Фарзона хуб аст ва танҳо барои нигоҳубини шавҳарашон ба беморхона омадаанд”, - таъкид намуд, Ҳоҷибоев.

 Маъруфҷон Ҳоҷибоев хабари дар қарантин нигоҳдорӣ шудани онҳоро рад кард. Тайи ду рӯз ба ин тараф баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар сафҳаҳои худ дар бораи зери қарантин нигоҳдорӣ шудани ин ду шоири номвари кишвар хабарҳо паҳн намуда, ҳамнавоии худро барои ҳарчи зудтар шифоёбии онҳо баён намуданд.

Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд мегуяд, ҳоло вазъи саломатии шоирони тоҷик Озарахш ва Фарзона, ки чаҳор рӯз аст дар бемористони маҳаллаи Шайх Бурҳон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов қарор доранд муътадил арзёбӣ шуда ва ин мавзӯъ ҳеҷ ҷои ҳангомасозӣ дар кӯчаву ҳам шабакаҳои интернетӣ надорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказиро 3,5 ҳазор гуфт

 Фарзона чанде қабл шеъри тозаэҷоди худро дар мавзӯи коронавирус бо шеваи муноҷот ба Худо ба нашр расонд ва ҳамагӣ чандрӯзи пеш ин шеър аз ҷониби сарояндаҳои суғдӣ бо роҳбарии Шермуҳаммад Шерматов ба оҳанг дароварда шуда ва бандубасти клипи он дар студияи “Муҳаммад” ба иҷро расонида шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (743)
Барчаспҳо:
шоирон, беморхона, Фарзона

Мавзӯъҳои асосӣ