11:24 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
647910

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, барои хизматчиёни давлатӣ доштани пул дар бонкҳои хориҷӣ ва иштирок дар идораи ташкилотҳои тиҷоратӣ мамнӯъ мебошад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тафсилоти тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”-ро шарҳ дод, ки аз ҷониби Кумитаи таҳти идорааш дар даъвати гузаштаи Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида буданд.

Ӯ гуфт, бар асоси ин тағйирот нисбат ба хизматчиёни давлатӣ маҳдудиятҳо, аз қабили  манъи иштирок дар идораи ташкилоти тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ ҷорӣ гардиданд. Озода Раҳмон таъкид намудаст, ки тибқи тағйирот, кушодани суратҳисоб ва доштани пасандозҳо дар бонкҳои хориҷӣ барои хизматчиёни давлатӣ мамнӯъ мебошад.

Ин нуктаро Озода Раҳмон дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум” изҳор доштааст.

“Қонун догма нест ва мутобиқ ба раванди муносибатҳои ҷамъиятӣ ба он пайваста тағйиру илова, аз ҷумла, таҳрирӣ, бо мақсади  сайқал додани забон ва сифати он ворид карда мешавад. Забони ҳуқуқӣ аз забони лаҳҷавӣ ва бадеӣ фарқ дорад ва дар он истилоҳ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. Илова бар ин, меъёрҳои қонун бояд ҷавобгӯи  мантиқи ҳуқуқӣ низ бошанд”, - изҳор дошт Озода Раҳмон ва афзудааст, тағйиру иловаҳое, аз ҷониби аъзои Кумитаи таҳти идорааш дар даъвати гузаштаи Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудаанд, бештар хусусияти меъёриро доранд. Ӯ тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва маҳдудият барои хизматчиёни давлатиро мисол овардааст.

Инчунин аз Озода Раҳмон пурсида шудааст, ки  Маҷлиси миллӣ дар даъвати панҷум 451 қонунро ҷонибдорӣ намуд ва магар шумораи зиёди онҳо барои донистану татбиқ намудан мушкилӣ эҷод намекунад.

Ӯ посух додааст, тарафдори он мебошад, ки шумораи қонунҳо камтару сифаташон беҳтар бошад.

“Аз ин нуқтаи назар, кӯшиш дорем, ки бештар ба кодификатсияи онҳо бигзарем. Дар иҷлосияи хотимавии даъвати гузашта ду кодексро ҷонибдорӣ намудем. Тавре огоҳӣ доред, ҳоло гурӯҳҳои корӣ дар арафаи анҷом додани таҳияи лоиҳаи кодексҳои экологӣ, маориф ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо қабули онҳо тахминан 30 қонуни амалкунанда аз эътибор соқит карда мешаванд”, - илова намуд роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур.

Ӯ афзудааст, ки  бояд лоиҳаи кодексҳои энергетикӣ, буҷет ва танзимкунандаи дигар соҳаҳо низ таҳия карда шаванд.

Барчаспҳо:
Озода Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ