13:34 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2927 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар ҳайати мушовараи Хадамоти гумрук тағйирот ворид кард

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, Муродиён Абдумумин Раҷабзода узви ҳайати мушовараи Хадамоти гумрук таъйин шуд.

Тибқи қарор, ки ҳафтаи гузашта имзо шуд, Бобоев Хуршед Тошбоевич аз ҳайати мушовараи Хадамоти гумруки Тоҷикистон хориҷ гардид.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз фасодкорӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон интиқод карда, барои такмили сиёсати кадрӣ дар ин сохтор таъкид карда буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле ки барои роҳбарии шаҳру навоҳӣ кадр намеёбад, барои кор дар мақомоти гумруку андоз навбат меистанд ва таъкид намуд, ки миёни мақомдорони ин сохтор ягон бекасу бечора нест.

"Ҳамаатон, ягонтаатон бекас нестед. Ҳозир бигӯям, Вазорати маориф ба кор намераванд, Вазорати иқтисод кор  намераванд, раиси шаҳру ноҳия таъин мекунем, кадр нест. Дар гумруку андоз, навбат", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони низоми гумрук, молия ва андоз.

Барчаспҳо:
Хадамоти гумруки ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ