16:38 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151411

Дар бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд ду се нуқтаи фурӯши картошка ё “нони дуюм” фаъол карда шудааст, ки ин навъи маводи ғизоиро бо нархи то 6 сомонӣ арзонтар пешкаши хариддорон мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Ҳоло дар дигар бозорҳои манотиқи Тоҷикистон арзиши картошка 8 - 10 сомонӣ гуфта мешавад, вале дар нуқтаҳое, ки дар бозори “Панҷшанбе” ташкил шудааст, 5 – 6 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Маъмури Юсуфзод, сардори маркази матбуоти ҳукумати Хуҷанд, дар шарҳи ташкили нуқтаҳои фурӯши “нони дуюм” дар суҳбат бо мо гуфт, ин тасмим бо дастури шаҳрдории Хуҷанд ва ҳукумати вилояти Суғд аз ҷониби худи фурӯшандагони саховатманди бозори “Панҷшанбе”, ки умдатан картошкапарварони ноҳияи Деваштич гуфта мешаванд, роҳандозӣ шудааст.

Бино ба таъкиди ӯ, ин иқдом дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон роҳандозӣ гардида, минбаъд ҳамарӯза дар ин се нуқта ба ҳисоби то 2 тоннаӣ картошка ба фурӯш гузошта мешавад.

Сардори маркази матбуоти ҳукумати Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон афзуд, ҳеҷ имкон надорад, ки бори ин нуқтаҳои савдо мавҷудбуда аз ҷониби гурӯҳҳои манфиятхоҳ яклухт хариддорӣ ва дар дигар бозорҳо бо нархи баланд ба фурӯш гузошта шавад.

"Ин хел нест, ки касе ояду барои бардоштани нафъи иқтисодӣ 6 тон борро якбора хариддорӣ карда, бо арзиши баландтар аз 6 сомон ба фурӯш гузорад. Барои ҳар як хариддор то 3 – 4 кило картошка фурхта мешавад",- иброз намуд, Юсуфзод.

Мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки чанд рӯзи охир ба дунболи баланд шудани арзиши орд, қиммати картошка ҳам то бозорҳо то ба 10 сомонӣ гарон шуд. Масъулини бозорҳо дар манотиқи Тоҷикистон мегуянд, болоравии нархи “нони дуюм” сунъи набуда, балки ҷанбаи таббиӣ дорад.

"Ҳоло мавсими нави кишти картошка оғоз шудааст ва захираи маҳсулоте, ки то ин дам деҳқонон дар ноҳияиҳо Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ доштанд, ба охир расидаанд. Чизе, ки ба он талабот бештар аст, арзиши он меафзояд. Ба хусус дар замони тамомшавии ҳосили картошка",- гуфт як фурӯшандаи бозори "Фаровон" дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров.

 Баъзе аз деҳқонҳои картошкапар дар Суғд мегуянд, ба дунболи баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, дар пайи паҳни бемории вируси корона ҳоло қиммати 50 кило нуриҳои минералӣ, то ба 230 сомонӣ гарон шудааст.

Нуриҳои минералӣ аз ҷуъзи муҳим барои кишти зироати картошка ба ҳисоб меравад ва гароншавии он, ҳоло деҳқонони картошкапарварро ниграрон кардааст.

Деҳқонон мегуянд, боло рафтани нархи картошка дар бозорҳо ҳамон масалаи маъруфи математикии "ду понздаҳу як сӣ" - ро мемонад, яъне ҳоло картошкаро бо арзиши баландтар фурӯхта, аз ин ҳисоб пору ва нуриҳои минералиро бо нархи гаронтар аз соли гузашта хариддорӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
арзон, сомонӣ, маводи ғизоӣ, фурӯш, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ