Суғд: ба хонандагон ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

© © SputnikШкольники Душанбе в медицинских масках
Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилоят ниқобҳоро дар мактабҳо худи толибилмон омода ва ба ҳамсолонашон тақсим мекунанд. Ин иқдом ройгон ба роҳ монда шудааст

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар Суғд ба хонандагони мактабҳо ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар медиҳад.

Ситуация в связи с коронавирусом в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои захираи 10 миллион ниқоб баҳри пешгирӣ аз қимматшавии нарх

Бино бар иттилои манбаъ, бо назардошти  зиёд гардидани ҳолати сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 дар марказҳои таҳсилоти иловагии як қатор шаҳру ноҳияҳо дӯхтани ниқобҳои ҳимоятӣ оғоз гардид.

Тибқи иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов дар марказ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ашт ва Ҷаббор Расулов омодасозии ниқобҳо ба роҳ монда шуда, аъзои маҳфилҳои дӯзандагӣ бо маҳорати баланд ниқобҳоро тайёр карда истодаанд.

Оғози кумак ба Итолиё: ҳавопаймои “Сомон эйр” бо парвози махсус ниқобҳои тиббӣ бурд

Ба иттилои манбаъ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо 30 маҳфили дӯзандагӣ фаъол буда, 300 нафар хонандагон тавассути 100 мошинаи дарздӯзӣ ба омодасозии ниқоб машғул хоҳанд шуд.

Давоми ду рӯз хонандагон 5000 ниқоб омода карда, ба аъзои маҳфилҳо ва ҳамсолони худ ройгон дастрас намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0