15:01 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
327 0 0

Маблағи муфти ба дастомада аз ҳисоби кирдори зишт нафарони ҷиноятпешаро назди ҷомеа сархаму мулзам менамояд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вилояти Хатлон ду нафар ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд, ки худро корманди Кумитаи замин муаррифӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси аризаҳои сокинони ноҳияи Шаҳритӯс кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ду нафар сокинони ноҳияи мазкур дастгир шуданд.

"Амонов Хусан, соли таваллудаш 1991 ва Мамадюсупов Панҷӣ, соли тавллудаш 1971-ро, ки пеш якчанд маротиба бо моддаҳои 247 ва 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар мешаванд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Номбурдагон худро корманд-мутахассиси бахши Кумитаи замини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб, ки гӯё ба сокинон қитъаҳои замин ҷудо карда медиҳад, маблағҳои пулияшонро аз худ намуда, дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.

Маблағи зарари ба сокинони ноҳия расонидаашон 72 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Амонов Хусан ва Мамадюсупов Панҷӣ дар 7 ҳолати содир намудани ҷинояти бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, гумонбар дониста шуда, нисбаташон дар Шӯъбачаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ