07:18 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
245110

Раиси шаҳри Хуҷанд барои пешгири аз паҳншавии коронавирус ба масъулини шаҳр барои назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон супоришҳои қатъӣ дод

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр Хуҷанд  санаи 25 апрели соли равон дар толори бинои Мақомоти шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” ҷаласаи навбатии ситод баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ки ҳамзамон раиси Ситоди шаҳрӣ мебошад барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо ба хотири пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин боядбарои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Махсус раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки бояд шаҳрвандон дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-ро даъват намоянд.

Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат гирифта шавад, савдои кӯчагӣ аз байн бардошта шавад.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷаласаи мазкур бо вазифагузориҳои дигар соҳаҳо анҷом ёфт.

Инчунин бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа муҳтавои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19”, ки ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сурат гирифт, ба самъи аъзои Ситоди шаҳрӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

Барчаспҳо:
савдо, супориш, кӯдакон, назорат, ситод, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ