Раиси вилояти Хатлон ба аёдати Фотима Ғафурова рафт

Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон ба Фотима Ғафурова барои фаъолияти бенуқсони бисёрсола, тарбияи шоистаи фарзандону шогирдон, саҳмгузорӣ дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ миннатдорӣ баён кард

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, рӯзи 25 апрел бо мақсади аёдати собиқадорони меҳнат, ошноӣ бо корҳоӣ саҳроӣ, қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Хуросон сафар кард.

Нахуст, раиси вилоят барои дидор бо собиқадори меҳнат Фотима Ғафурова, ки 42 сол омӯзгорӣ карда, алъон бознишаста мебошад, ба деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ омад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

"Аълочии маорифи Тоҷикистон Фотима Ғафурова аз соли 1968 то соли 2010 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 буд", - омадааст дар хабарнома.

Омӯзгори собиқадор зимни суҳбат бо Қурбон Ҳакимзода барои ғамхории пайваста ба соҳаи илму маориф ба президент сипос намуда, фаъолияти кории раиси вилоятро намунаи ибрат барои ҷавонон хондааст.

Раиси вилоят ба Фотима Ғафурова барои фаъолияти бенуқсони бисёрсола, тарбияи шоистаи фарзандону шогирдон, саҳмгузорӣ дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ миннатдорӣ баён кард.

Лентаи хабарҳо
0