19:11 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
34610

Нақшаи даъват дар Душанбе ва вилояти худмухтори Бадахшон 100 дарсад иҷро шуда, дар тамоми ҷумҳурӣ 85 фоиз амалӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар Тоҷикистон 85 дарсад амалисозӣ шуд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба сухангӯи Вазорати мудофиа Ориф Низомиён.

"Аз  20 то 30 дарсади нафароне, ки ба сафи артиш ҷалб карда шуданд, фарзандони кормандони давлат ҳастанд", - гуфтааст Низомиён.

Имсол истиқболи ҷавонон аз даъват ба артиш дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар будааст.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти худмухтори Бадахшон ҷазби ҷавонон ба сафи артиш 100 дарсад, вилояти Хатлон 90 дарсад, Суғд 70 дарсад ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон 95 дарсад иҷроӣ шудааст.

Пеш аз ин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки фарзандони вазирон, намояндагони маҷлис ва кормандони баландпояи давлат ба хидмати артиш ҷазб шаванд.

Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

"Фарзандони аъзои ҳукумат, намояндагони парлумон, раисони шаҳр ва фармондорон ҳам бояд ба артиш ҷазб шаванд, зеро тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари қонуни асосӣ баробар ҳастанд ва мақомоти давлатӣ бояд барои дигар қишрҳои ҷомеа намунаи пойбандӣ ба қавонин бошанд", - таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон.

 

Мавзӯъҳои асосӣ