Тавсияи масъулини маориф дар Суғд: таътил барои пешгирии коронавирус аст, ба кӯча набароед

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольники Душанбе в медицинских масках
Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ки хонандаҳо давраи таътили иловагиро чи гуна ва бо иҷрои кадом корҳо сипарӣ кунанду омӯзгорон низ дар ин муддат ба чи корҳо машғул шаванд

ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мақсади ҷорӣ кардани таътили иловагии макотиб ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли паҳни вируси корона аст ва набояд хонандаҳо ба сайру гашт дар кӯчаву ҷойҳои серодам раванд

Ӯ гуфт, ба хонандаҳо фаҳмонида шудааст, ки ду ҳафтаи таътили иловагиро дар куҷо ва бо иҷрои кадом корҳо сипарӣ кунанд.

“Хонандаҳо бояд дар хона монда ба мутолиаи китобҳо машғул бошанд. Дарсҳои мактабиро аз рӯи дафтару китобҳояшон такрор кунанд ва ба имтиҳонҳо тайёрӣ бинанд. Ҷараёни ин ҳама машғулиятҳоро волидайн назорат карда, аз рафтани фарзандонашон ба ҷойҳои серодам пешгирӣ кунанд”, гуфт Раҳматов.
Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Суоли рӯз: донишҷӯён кай таътил мешаванд?

Муовини сардори Раёсати маорифи Суғд мегуяд, маводи имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарии хонандаҳоро ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристодаанд ва аз ин тариқ ба хонандаи мактабҳо дастрас карда мешавад.

Сайфулло Раҳматов гуфт, ки дар ин муддат мудирони мактабҳо дар ҷои корашон ҳозир шуда ва омӯзгорон ҳам бо навбат барои нигоҳубини мактабҳо мераванд.

“Дар сурати зарурат омӯзгорон ҳамроҳ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ба тарғиботи амалҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус ба маҳаллаҳои атрофи мактаб мебароянд”, таъкид намуд Раҳматов.

То поён ёфтани таътил, бояд дар ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию роҳравҳои атрофи макотиб, чораҳои безараргардонӣ (дезинфексия) доир карда шавад. Хариддории маводи безараргардонӣ аз ҷумла хлор аз ҷониби макотиб сурат гирифта, маскаҳои муҳофизатӣ ва маводи тамизкории дастони хонандаҳо аз ҳисоби волидайн таъмин карда мешавад

Чемпионат Таджикистана по футболу 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Баъди мактабу боғчаҳо: футболи тоҷик ҳам ба таътил рафт
Ахиран шанбеи гузашта, 26 апрел, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад.

Ба ин тартиб санаи 11-уми май дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ машғулиятҳо (дарс) и мактабӣ шурӯъ шуда, то моҳи июн давом ёбад. Қарор аст имсол Занги камолот (пештара Занги охир) санаи 7 ва ё 8 -уми июн дар мактабҳои кишвар садо диҳад.

Таътили макотиб: на фақат маош, балки иловапулиҳо ҳам дода мешавад

 

Лентаи хабарҳо
0