09:31 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1785 0 0

Мақомоти Ӯзбекистон эълон кардааст, ки шумори нафароне, ки ҳар рӯз дар ин кишвар ба вируси корона гирифтор мешаванд коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, теъдоди сироятёфтагон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 2039 нафар расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии ин кишвар.

Рӯзи панҷшанбе шумори умумии сироятёфтагон ба вируси корона дар ин кишвар 2017 нафарро ташкил медод. Аз оғози паҳншавии ин вирус дар Ӯзбекистон 9 нафар ҷони худро аз даст дода, 1133 нафари дигар шифо ёфтанд.

“Ба ҳолати 30 апрели соли равон дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба вируси корона 2039 нафарро ташкил медиҳад”, - гуфта шудааст дар ахбори вазорати тандурустӣ.

Инчунин, бояд қайд кард, ки рӯзи панҷшанбе 37 бемори нав ба қайд гирифта шуда буд, аммо рӯзи чоршанбе шумори сироятёфтагон дар 24 соати ахир ба 63 нафар расида буд.

Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон бо супориши раисҷумҳури Шавкат Мирзиёев зина ба зина чораҳои сабук кардани қарантина, ки қаблан барои паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буд, оғоз ёфт.

Ахиран мақомоти Ӯзбекистон ба мардум иҷозат дод дар назди хонаҳояшон сайругашт кунанд. Инчунин, мақомоти Ӯзбекистон барои истифодаи мошинҳои сабукрав сабукиҳо низ ҷорӣ кард.

Барчаспҳо:
бемор, беморӣ, коҳиш, мақомот, вирус, шумор, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ