14:44 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2655 0 0

Мақмоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба самти Франкфурт парвоз намуд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи расмии фейсбукаш эълон намудааст, ки субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба самти  шаҳри Франкфурт парвоз кард.

Бино бар иттилои сафорати Тоҷикистон, имкон дорад ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ҳамчунин мусофиронро аз Франкфурт ба Душанбе барад.

Дар ҳамин робита сафорат аз нафароне, ки ба Тоҷикистон мехоҳанд баргарданд, хоҳиш намудааст, ки ба таври фаврӣ худи ҳамин рӯз, яъне 01 майи соли равон то соати 11:00 (ба вақти Олмон) худро ба фурӯдгоҳи Франкфурт расонанд.

Сафорат таъкид доштааст, ки чиптаҳо мустақиман қабл аз парвоз дар худи фурӯдгоҳ фурӯхта мешаванд.

Ҳамзамон сафорат  аз шаҳрвандони кишвар қайд кардааст, танҳо замон ба бароянд, ки барои баргаштан мутмаин бошанд ва сари вақт тавонанд ба фурудгоҳи шаҳри Франкфурт худро расонанд.

Барчаспҳо:
парвоз, ҳавопаймо, Душанбе, Олмон, сафорат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ