19:01 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
292 0 0

Имрӯзҳо дар шароити паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ду корхонаи азими вилоят “Нассоҷи Хуҷанд” ва “Зиннат” ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ даст заданд

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар корхонаҳои “Нассоҷи Хуҷанд” ва “Зиннат” бинобар сабаби зиёд гардидани сироятёбии сокинони кишварҳои ҷаҳон ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии ҷумҳурӣ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”, айни ҳол дар як шабонарӯз то чаҳор ҳазор дона ниқоби тиббӣ тайёр карда мешавад.

Манбаъ зикр кардааст, рӯзҳои наздик бо ба роҳ мондани коргоҳҳои нав ҳаҷми истеҳсол зиёд мегардад. Корхона, ҳамчунин, ба истеҳсоли халатҳои муҳофизатии тиббӣ шурӯъ кард.

"Ниқобҳои истеҳсоли корхона бисёркарата буда, намиро намегузаронад ва ҳангоми шустушӯ фарсуда намешавад”, - гуфтааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулони корхона дастур дод, ки ҳаҷми истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ зиёд карда, инчунин, дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар корхонаи дӯзандагии “Зиннат” низ дар як шабонарӯз бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ то 4 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад, ки сифати хуб доранд.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхонаҳо барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ захираи кофӣ дошта, на танҳо аҳолии шаҳр, балки дигар шаҳру навоҳиро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин карда метавонанд.

Барчаспҳо:
аҳолӣ, шароит, тиббӣ, Суғд, корхона, вирус, паҳншавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ