20:15 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
239530

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, замони дақиқи омадани намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳанӯз маълум нест. Аммо манобеъи дигар мегӯянд, эҳтимолан ҳамин рӯз ин ҳайат вориди Тоҷикистон шавад

ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, расман аз намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоъ дарёфт нашудааст, ки оё ҳайати ин ниҳоди байнулмилалӣ дақиқан кай ба Душанбе хоҳад омад.

“Қаблан иттилоъи мо ин буд, ки ин ҳайат бояд то охирҳои моҳи гузашта ба Тоҷикистон расад. Ҳоло ҳам дақиқ гуфта наметавонем, ки кай хоҳад омад”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Бино ба манобеъи дигар, ки бо Sputnik Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуданд, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз, 1 май, бояд аз Франкфурти Олмон вориди Душанбе шавад.

Ин манбаъ гуфт, қарор аст ин созмон кӯмакҳоеро, ки барои Тоҷикистон ихтисос додааст, тариқи ин тайёра интиқол диҳад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки соати 8 – и субҳи имрӯз як тайёраи ширкати “Сомон Эйр” ба самти Франкфурти Олмон парвоз кардааст.

 “Ин як парвози махсус буда, ҳамзамон як теъдоди шаҳрвандони дар Тоҷикистон дармондаи хориҷиро низ ба Олмон интиқол дод ва аз он ҷо ҳар касеро, ки тавонист ба Тоҷикистон”, - гуфт Ҷамила Ҳусейнова.

 Аслан парвози Душанбе – Франкфурт аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ташкил шуда, ҳазинаи онро низ ин созмон пардохт мекунад.

Дар Барномаи рушди СММ (UNDP) дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки қисмати умдаи ҳаққи ин парвози вежаи “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Франктфуртро ин созмон пардохт хоҳад кард ва ҳадаф аз ташкили он ҳам овардани доруҳои зарурӣ барои муолиҷаи ВИЧ аст.

“Ин парвоз барои интиқоли 117 мусофир аз 23 кишвари ҷаҳон ва овардани доруҳои зидди сил, ваксинаи эминсозии кӯдакон, либосҳои муҳофизатӣ барои кормандон тиби дигар созмонҳо низ истифода хоҳад шуд. Тамоми ин лавозими захиравӣ барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон кӯмак мекунад. Аммо Барномаи рушди СММ (UNDP) фақат масъули ҳамон дорвуориву маводи тиббиест, ки барои эҳтиёҷоти барномаҳои худ интиқол медиҳад”, - гуфтанд дар Барномаи рушди СММ.

Қаблан сафорати Олмон дар Тоҷикистон низ бо такя ба “Сомон Эйр” хабар дод, ки имкон дорад ин тайёра мусофиронро аз Франкфурт ба Душанбе интиқол диҳад ва нафароне, ки ба Тоҷикистон баргаштанианд, бояд даст ба кор шаванд.

“Аз онҳо хоҳиш мешавад, ки ба таври фаврӣ худи ҳамин рӯз - 1 майи 2020 то соати 11:00 (ба вақти Олмон) худро ба фурӯдгоҳи Франкфурт расонанд. Чиптаҳо мустақиман қабл аз парвоз дар фурӯдгоҳ фурӯхта мешаванд. Танҳо вақте ба роҳ бароед, ки агар мутмаин бошед, ки сари вақт ба Франкфурт расида метавонед”, - омадааст дар иттилоияи сафорати Олмон дар Тоҷикистон.

 Хабари сафари ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистону Туркманистон ҳанӯз 23 апрел аз сӯи мудири Бюрои минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге дар як брифинг дар Копенгагени Дания эълон шуда буд.

Гуфта мешуд, ин гуруҳ ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ рафта, аз муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳими шаҳру навоҳии онҳо дидан мекунад ва дар анҷом ба вазъи эпидемиологии кишварҳо баҳо дода, тавсияҳои худро дар боби ҳимоят аз “вируси корона” ироа хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, иддае бар ин буданд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бар адами “вируси корона” дар ин кишварҳои Осиёи Марказӣ машкук шудаву ҳол мехоҳад худ мутмаин шавад, ки дар асл чӣ хабар аст.

Аммо Тоҷикистон дирӯз, 30 апрел, эълон кард, ки дар кишвар 15 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шудааст. Ва ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки ҳар фарди аз хориҷ ба Тоҷикистон воридшуда бояд 14 рӯз таҳти қарантина бошад ва бо тавсияи пизишкон ин мӯҳлат ба 21 рӯз тамдид хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, омадани ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тавре дар урфият мегӯянд, ба “омадани Амир Олимхон” мемонад, ба ин маънӣ ки хеле дер, бо ҳазору гапу калоча ва ташвишу саргардонӣ ҳеҷ не ки анҷом шавад.

Барчаспҳо:
намояндагон, вирус, ҳифз, ворид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ