13:09 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4269 0 0

Абдукарим Шокиров, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб иттилоъ додаст, ки алҳол дар беморхонаи мазкур 30 нафар гирифторони бемории илтиҳоби шуш бо таби баланд бистарӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Вазъи саломатии 5 нафар гирифтори илтиҳоби шуш вазнин арзёбӣ мегардад, хабар додааст ҳафтавори "Пайк" аз қавли сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб. 

Ба иттилои манбаъ, байни беморон муовини раиси ҳукумати шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова низ ҳаст, ки зери кислород хоб буд.

"Қаблан ду табиби ин бемористон Сафаров Саид ва Холмуродов низ гирифтори илтиҳоби шуш буданд, ки ба гуфти сардухтур шифо ёфта рухсат шуданд. Вазъи саломатии Маҷидова низ хело беҳтар шудааст. Байни беморон ҷавонон низ кам нестанд", - навиштааст "Пайк".

Манбаъ афзуд, сардухтур шикоят аз вазъи таъмини беморон бо маводи хӯрока, набудани дастгоҳи рентгенӣ ва мошини "Ёрии таъҷилӣ" дорад. Шокиров гуфтааст, хуб мешуд мардуми доро ва дастрас дар таъмини беморхона бо маводи хӯрока дасти ёрӣ дароз мекарданд.

"Чун бемори гирифтори илтиҳоби шушро ба беморхона меоранд маҷбур мешавем дубора ин бемори гирифтори бемориҳои сироятиро аз беморхона бароварда барои рентген кардан ба берун фиристем, ки зараровар аст. Ё агар барои овардани кадом бемори дигар аз дигар гӯшаҳои шаҳр тасмим гирем, бояд сараввал мошин ёбем. Ҳоло бо мошинҳои кӯҳнаи шахсӣ рафта беморонро меорем", - изҳор доштаст сардухтар.

Ба навиштаи "Пайк", ҳафтаи гузашта дар ҳамин беморхона як нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуши дутарафа дар шаҳр маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҷабор аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ҷасади ӯро бо риояи талаботҳои махсуси санитарӣ эпидемологӣ бе ҷанозаи серодам дар соати 5 саҳар табибон ба хок супурданд.

"Ба андешаи мо мубориза бо вабои аср ё ба истилоҳи табибони тамоми ҷаҳон пандемия, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаасту давояшро то ҳанӯз инсоният наёфтааст, кори на танҳо табибон, балки тамоми ҷомеа бояд бошад. Алалхусус мардуми доро дар ин кори хайр барои хариди дастгоҳҳои зарурӣ ва либосҳои махсус бояд кумак кунанд, охир боигарии онҳо сирф аз пушти ҳамин мардум аст", - омадааст дар матлаб.

Дар идома таъкид шудааст, ки масъулинро мебояд ҳарчи зудтар баҳри самаранок мубориза бурдан бо коронавирус қабл аз ҳама ба табибон дасти ёрӣ дароз кунанд, то ин тоифа мисли ҳамтоҳои дигари худ дар мамолики дигар барои табобати миллат ҷонфидоӣ кунанд ва зикр шудааст, ки ба ҷуз Худо ва ҳамин табибон каси дигар ба миллат кумак карда наметавонад.

Барчаспҳо:
беморхона, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ