04:36 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
67701

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба омадани намояндагони СУТ лоиҳаи протоколи чораҳои мубориза бо COVID-19-ро омода мекунад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ниҳод.

Гуфта мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба омадани намояндагони СУТ лоиҳаи протоколи чораҳои мубориза бо COVID-19-ро омода мекунад.

"Ҳамзамон, дар вохӯрӣ бо табибони кишварҳое, ки аллакай дар мубориза бо коронавирус таҷриба доранд, мушкилоти мубрам баррасӣ гардида, механизми самарабахши ташхис, муайяннамоӣ ва табобати ин беморӣ таҳия мешавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Манбаъ меафзояд, имрӯз Тоҷикистон дар вазъияти беҳтар қарор дорад, зеро дар ин муддат кишварҳое ба монанди Россия, Чин, Ӯзбекистон, Беларус ва дигарон аллакай стратегия, алгоритми рафтор дар ҳолати эпидемия ва пандемияро таҳия кардаанд.

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин беморӣ таҷрибаи амалии ин кишварҳоро истифода мебарад, ки дар баъзе аз онҳо шумораи сироятшудагон, беморону фавтидагон коҳиш ёфтааст. Ҳамчун кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташхисҳои тиббӣ ва маҷмӯи либосҳои зарурии муҳофизатӣ дода шуданд. Аммо, асосан, ҳамаи ин аз ҳисоби захираҳои фармасевтии кишвар таъмин карда шуд, зеро солҳои охир дар мо шумораи зиёди дорухонаҳо фаъолият доранд.

Вобаста ба ниқобҳои муҳофизатӣ, антисептикҳо ва санитайзерҳо, онҳо ба миқдори кофӣ мавҷуданд ва ҳар кас метавонад онҳоро бо нархи дастрас интихоб кунад.

Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи СУТ коронавирусро баррасӣ кард

Ғайр аз ин, дар тамоми минтақаҳо дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст ва истеҳсолкунандагони ватанӣ собун, маҳлулҳои гигиенӣ, спиртдор ва антисептикҳои хлорӣ истеҳсол мекунанд. Норасоии лавозимоти ташноб, коғаз, дастмолҳои тар ва ғ. низ вуҷуд надорад.

Мавзӯъҳои асосӣ