21:38 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2603 0 0

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид - Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май тоҷикистониён ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik.  Сокинони  Тоҷикистон дар ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон 3-рӯзӣ истироҳат мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.

Ҳамин тавр, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид - Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май сокинони Тоҷикистон дар умум 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки тибқи қавонини Тоҷикистон, агар иди расмӣ ба рӯзҳоии истироҳат рост ояд, рӯзи корӣ низ истироҳат эълон мешавад.

Ба хотири он, ки ҷашни Иди Ғалаба - 9 май имсол ба рӯзи шанбе рост меояд, рӯзи дигари баъди рӯзҳои истироҳат – душанбе яъне 11 май низ рӯзи истироҳат аст.

Иди Рамазон низ имсол ба рӯзи якшанбе - 24 май рост меояд. Ҳамин тавр санаи 25 май – рӯзи душанбе низ рӯзи истироҳат дониста мешавад.

Ҳамин тавр, дар моҳи май шаҳрвнадони Тоҷикистон рӯзҳои 2,3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24, 25, 30 ва 31 май истироҳат хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
ид, моҳи май, Иди Рамазон, Рӯзи ғалаба, истироҳат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ