21:35 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
275510

Абдуқодири Рустам, адиби хушноми тоҷик, пас аз ҳашт рӯзи гирудор бо “вируси корона” сари ҳол омада, аз ин имтиҳони зиндагӣ гузаштааст

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Абдуқодири Рустам дар як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаш рӯзи қабл худро хеле бад ҳис карда, бистарӣ шуд ва ҳоло вазъаш рӯ ба беҳбудист.

 “Воқеан, ин як дарди ноошно ва вахимест, ки дар гузашта таҷриба накарда будам. Бо ман ҳамсару фарзандам низ гирифтор шуданд, алъон, Худоро шукр, ки вазъи ҳамаи мо беҳбуд ёфтааст. Илтиҳоби шуш гуфта буданд, фикр мекунам, ки ин вируси корона аст”, - гуфт адиб.

Абдуқодири Рустам ҳамзамон мушовир ва мудири шӯъбаи кадрҳои Шифохонаи байнулмилалии Ибни Сино ва яке аз се корманди он аст, ки ба ин маризӣ гирифтор шудаанд.

Абдухалил Холиқзода, раҳбари Шӯрои мудиринони шифохона ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз рӯзи 20 апрел қисми кормандонеро, ки бо корҳои ғайритиббӣ машғул буданд ва метавонистанд корҳояшонро тариқи компютер иҷро кунанд, ба хона рухсат дода буданд, аммо тақрибан як ҳафта пас хабар омад, ки се нафари онҳо гирифтори вируси корона шудаанд.

 “Мо ба зудӣ ҳамаи онҳоро таҳти муроқибат гирифтем. Ҳамагӣ, аз ҷумла устод Абдуқодир Рустам низ бар ин буданд, ки дар хона қарантина ва табобат шаванд. Шифохона тамоми масъулиятро ба зимма гирифт. Ҳамагиро таҳти табобат гирифтем ва ҳоло метавонем ба хурсандӣ хабар диҳем, ки ҳеҷ хатаре ба саломатии эшон нест”, - гуфт Абдухалил Холиқзода.

Абдуқодири Рустам (Азизқулов Абдуқодир Рустамович) соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.

Мактаби миёнаи рақами №27 - и деҳаро хатм намуда, сипас ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ муддате дар Энсиклопедияи Советии Тоҷик фаъолият намудааст. Аз соли 1994 аз Тоҷикистон муҳоҷир шуда, солҳо дар Қазоқистон дар шаҳри Алмаато иқомат доштааст.

Ҳамакнун дар Беморхонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси мушовир ва корбар фаъолият дорад.

Қодири Рустам муҳаққиқи ашъори Рӯдакист. Ӯ девони Рӯдакиро бо услуби нав ва равиши тоза дастраси хонандагон намудааст. Аммо аксари мардум ӯро як нависандае мешиносанд, ки роҳу равиши ба худ хос дорад ва бидуни ӯ адабиёти имрӯзи тоҷикро намешавад тасаввур кард. Китобҳояш "Бурси дуреша", "Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар", "Пойҳо ва рӯйҳо", "Чойхонаи Роҳат" ва ғайра аз тарафи ҳаводорони калом хуш пазируфта шудаанд. Адибон ва “корона” Зимнан, Абдуқодири Рустам танҳо адиби тоҷик нест, ки дар ин гирудорҳо алайҳи “вируси корона” дар Тоҷикистон бо ташхисҳои мухталиф ба шифохона афтода, бо марг дасту панҷа нарм кардаанд.

Даҳаи сеюми моҳи апрел Толиб Карими Озарахш бо иттифоқи ҳамсараш Фарзона, ки ҳарду Шоири халқии Тоҷикистонанд ва ҳам Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон бо иттифоқи ҳамсараш дар шифохонаҳои вилояти Суғд низ бистарӣ шуда буданд.

Ташхиси ҳамаи онҳо “илтиҳоби шуш” гуфта мешуд. Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол шоира Фарзона рухсат шуда, шавҳари ӯ низ охирҳои ҳафта шифохонаро тарк хоҳад кард.

“Устод Муҳиддин Хоҷазод низ марҳалаи вазнини сиҳатии худро гузаронданд. Мутаассифона, ҳамсари он кас ба ин маризӣ тоб оварда натавониста, оламро падруд гуфтанд”, - гуфт Аҳмадҷони Раҳматзод.

 Аксари адибони тоҷик бо ташхиси “илтиҳоби шуш” бистарӣ шудаанд. Тоҷикистон фақат 30 апрел аввалин мавориди гирифторӣ ба вируси корона - ро таъйид кард.

Бино ба иттилои ахир, ҳоло 128 мавриди гирифторӣ ва ду марг дар кишвар сабт шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
зиндагӣ, имтиҳон, вирус, тоҷик, адибон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ