13:12 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Ҳамасола санаи 3-уми май, аз сӯи ҷомеаи журналистии кишвар ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Озодии сухан таҷлил карда мешуд, аммо имсол ба далели хуруҷи бемории ҳамагири вируси корона ҳеҷ чорабинӣ баргузор нашуд, балки ин сана ба унвони як рӯзи орому истироҳатӣ сипарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Аз ин фурсат истифода бурда масъулони корхонаи воҳиди давлатии комуналии “Кохи матбуот” и вилояти Суғд, ки ҷомеаи журналистони Хуҷанд маҳз ин бино муттаҳид намудааст, ба хотири пешгирӣ аз сирояти вируси корона дезинфексия ё безараргардонӣ гузаронидаанд.

Ҷовид Ҷамолиён, директори генералии КВДК “Кохи матбуот” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба ҳисоби мутахассисони маркази назорати санитарию эпидемологӣ ҳамаи кормандони ин коргоҳ, ки дирӯз барояшон рӯзи истироҳатӣ маҳсуб мешуд, ба безараргардонии атрофи утоқи кории рӯзноманигорон машғул шудаанд.

Истифодаи 7 тонна маҳлули гипохлорид дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе

“Дар ҳамаи ошёнаи бино, лифтҳову роҳравҳо ва харакҳои атрофи он, бо истифода аз техникаи махсус ва маҳлулҳои биохимиявӣ (хлор) баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ҳар навъ бемориҳои сироятӣ чораҳои безараргардонию поккорӣ роҳандозӣ карда шуд”, - афзуд Ҷамолиён.

“Кохи матбуот” и вилояти Суғд аз дувоздаҳ ошёна иборат буда, анқариб дар ҳамаи ошёнаҳои он, рӯзноманигорон аз нашрия ва радиёву телефизионҳои ҳукуматӣ ва журналистони мустақили тоҷик фаъолият мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд, маъракаи безараргардонӣ як ҳафта ба ин тараф оғоз шуда то ин муддат мақомот аз ҷараёни поккорӣ дар саҳни театр ва боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камолӣ Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, боғи навбунёдӣ фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, маҷмааи фароғатии Исмоили Сомонӣ, роҳравҳо ва пайроҳаҳо хабар додаанд.

Зимнан баъди эълони расмии сапти бемории вируси корона дар Тоҷикистон, аз санаи 30-уми апрел ба ин тараф дар дигар шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳам корҳои безараргардонӣ ҷараён дорад.

Мақомот роҳандоии ингуна корҳоро дар роҳи пешгирӣ аз паҳни ҳар навъ бемории сироятӣ аз ҷумла вируси корона як қадами муҳим арзёбӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
оромӣ, вирус, беморӣ, журналист, озодии сухан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ