Даргузашти шоири тоҷик Муҳаммадалии Аҷамӣ

Обуна шудан
Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири машҳури тоҷик дар шаҳри Душанбе дар синни 66-солагӣ аз олами фонӣ чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири машҳури тоҷик, асри 4 май дар шаҳри Душанбе дар синни 66 солагӣ дар паи бемории аз олам даргузашт.

Ҷасади шоир дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Дар гусели мавсуф ба оромгоҳ раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва муовинаш Ато Мирхоҷа, шоир Салими Зарафшонфар ва Рустами Ваҳҳоб низ ширкат кардаанд.

Муҳаммадалии Аҷамӣ 21 январи соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст.

Таджикская актриса Савринисо Сабзалиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Савринисо Сабзалиева, ҳунарманди мардумии тоҷик даргузашт

Соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Вахш", корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Чанде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зисту фаъолият доштааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, се дафтари шеъраш – «Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон (Теҳрон) ба табъ расидаанд.

Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғ. интишор ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0