ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон дар изҳороте навиштааст, назоратро аз болои расонидани ёрии тиббӣ ба сокинон ва дорухонаҳо пурзӯр мекунад.
Манбаъ таъкид мекунад, ки ин иқдом ба хотири иҷрои супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешида шудааст.
Вазъи ҷаҳонии имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, ба сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва хизматрасонӣ дар аксарияти соҳаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст, афзудааст манбаъ.
Аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввал ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд.
Мақомот санҷид: дору ҳаст, дорухонаҳо ба таври сунъӣ давоҳоро пинҳон медоранд
Ҳамзамон мақомоти мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, нисбат ба нафарони паҳнкунанда ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.