12:18 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
2503 0 0

Ҳамчунин барои нарасонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, надодани доруворӣ аз ҷониби дорухонаҳо чорабиниҳои қонунӣ санҷида мешавад

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон дар изҳороте навиштааст, назоратро аз болои расонидани ёрии тиббӣ ба сокинон ва дорухонаҳо пурзӯр мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки ин иқдом ба хотири иҷрои супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешида шудааст.

"Минбаъд шаҳрвандоне, ки ба ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввали тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббиву дорухонаҳо ва ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин ва қимат кардани маҳсулоти доруворӣ дучор мешавад, метавонанд тавассути рақамҳои телефонии 235-11-11 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд", - омадааст дар изҳороте ки дафтари матбуоти прокуратура нашр кардааст.

Вазъи ҷаҳонии имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, ба сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва хизматрасонӣ дар аксарияти соҳаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст, афзудааст манбаъ.

Аз аҳолии мамлакат  хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввал ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд.

Мақомот санҷид: дору ҳаст, дорухонаҳо ба таври сунъӣ давоҳоро пинҳон медоранд

Ҳамзамон мақомоти мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, нисбат ба нафарони паҳнкунанда ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

 

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)

Мавзӯъҳои асосӣ