18:16 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
540 0 0

Чандест бемор шудани шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона мардуми кишварро нигарон сохта, андӯҳгин карда буд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба гузориши Мақомоти вилояти Суғд, хушбахтона, имрӯз бо талошҳои табибони ҳоли ҳарду хуб аст. Фарзона аз беморхона мураххас шудаву фардо ба Озарахш ҳам иҷозати ба хона рафтанро медиҳанд.

Озарахш, айни ҳол дар беморхонаи ноҳиявии рақами 3, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ аст қарор аст фардо мураххас шаванд.

Қаблан масъули раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд бо таъйиди карантин шудани ду шоири саршиноси Тоҷикистон, гирифтории онҳо ба маризии коронавирусро рад карда буд.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт аз он, ки Озарахш дар беморхона табобат мегиранд, шоира Фарзона машғули нигоҳубини шавҳар ҳастанд.

"Озарахш, аз ҳисоби каме шамолхурӣ, ба илтиҳоби роҳи болоии нафас гирифтор шуда, аз ин ҳолат тасф кардаанд. Ҳоло барои муолиҷаи он дар беморхона қарор доранд. Саломатии Фарзона хуб аст ва танҳо барои нигоҳубини шавҳарашон ба беморхона омадаанд", - таъкид намуд, Ҳоҷибоев.

Мақомоти вилояти Суғд, суҳбати телефонӣ бо Озарашхро манзури хонандагон кардааст.

- Салому дуруд устод! Хеле хушҳолам, ки овозатонро мешунавам. Тамоми мардум, дӯстон аз дохилу хориҷи кишвар барои Шумову бону Фарзона салому паёми пурмеҳр мефиристанд ва дуогӯи ҳамешагии Шумоянд.

- Салом бонуҷон! Ман ҳам хушҳолам, ки садои дӯстонро мешунавам. Воқеан аз муҳаббатҳои дӯстон, аз дуову дурудҳои кулли дӯстон сарбаланд ҳастем. Худованд дард медиҳад ва дармон ҳам, шукри беадад имрӯз хуб ҳастем. Фарзона ба хона рафтанд ва ман ҳам бояд ба  наздикӣ мураххас шавам, албатта табобатро як муддат дар хона идома медиҳам, аммо алҳол хеле -хеле беҳтарам.

Заҳматҳои табибонро хоса таъкид мекунам ва сипос мегӯям ба ҳар кадомашон. Воқеан, табибон дар ин рӯзҳо қаҳрамон ҳастанд, қаҳрамони замон! Шабу рӯз дар сари болини мо  буданд ва талошҳояшон барои ҷони беморон сутуданист!

Мехоҳам аз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳам бигӯям, барояшон сипосу дуруд расонам, чун аз оғоз дар канори хонаводаи мо буданд ва дар канори мардум ҳастанд. Чанд боре, ки сӯҳбат мекардем аз садояшон эҳсос мешуд чиқадар барои мо ва мардуми кишвар нигарон ҳастанд. Пайваста аз вазъи саломатии мо  пурсон мешаванд. Миннатдорам!

Аз якояки дӯстон, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва  берун аз он барои мо дуо гуфтанд ва шифои комил  хостанд, сипос мегӯям ва салом мерасонам. Саломи моро ҳатман расонед! Мо хубем.

Ба дӯстон, мухлисону ҳаводорон бирасонед пур – пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав, пур – пур аз зиндагӣ! Насиб ба давлати дидори ҳам мерасем, ҳамааш хуб хоҳад шуд.

Аз тамоми дӯстон хоҳиш мекунам, ки худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд.

-Сипос устод. Шумо ҳам худро эҳтиёт кунед!

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
Барчаспҳо:
вируси нав, бемор, мураххас мешавад, бемористон, суҳбат, Фарзона

Мавзӯъҳои асосӣ