12:41 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

"Номбурда, охирҳои моҳи октябри соли 2018 бо маслиҳати пешакӣ бо як гурӯҳ мардони 37, 42 ва 38-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини деҳаи Қӯштеппаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилмеҳроби ноҳияи мазкур 107 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Гумонбаршаванда то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Худро корманди Кумитаи замин мегуфт: боздошти 2 нафар ба иттиҳоми қаллобӣ

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ