00:42 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2475 0 0

Муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода маоши якмоҳаи вазифавиашро, ки 2800 сомониро ташкил медодааст барои кумак бар мубориза бо коронавирус таҳвил додааст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара, муовини раиси шаҳри Исфара, Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода барои дастгирии пизишкони Тоҷикистон ва муборизаи онҳо бо Ковид-19 як маоши худро ба суратҳисоби махсус, ки дар вазорати молияи кишвар кушода шудааст таҳвил додааст.

“Ӯ маоши вазифавии якмоҳаи худро, ки 2800 сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид”, - таъкид ддоштааст манбаъ.

Вазири саноат хоҳиш кард ба пизишкон кумакҳои молиявӣ расонанд

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки Мадина Бобоиён ба ин васила хост, ки саҳми хоксоронаи худро дар таъмини амну осоиш ва сиҳативу офияти мардуми тоҷик гузорад.

Манбаъ қайд кардааст, ин ташаббуси аз тарафи Шӯрои занони шаҳри Исфара ҷонибдорӣ шудааст ва бонувони фаъоли Исфара мубориза алайҳи коронавирусро кори дастҷамъона меҳисобанд.

Барчаспҳо:
вирус, мубориза, кумак, сомонӣ, маош, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ