17:52 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
685601

Раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон овозаҳо дар бораи истеъфо ё тарки вазифа карданашро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хонум Галина Перфилева дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ба таври муваққат дар ин мавқеият қарор дошт, аз ин хотир, аз вазифа барканор намешавад.

“Муддати мадидест, ки дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) бознишаста шудаам. Қарордоди ман ҳам ба охир мерасад. Who талош мекунад то як фарди ҷойгузин вуҷуд дошта бошад, аммо ҳоло чизе дақиқ нест. Ман аз шумо илтимос мекунам, бигузоред мо кор кунем, бо ҳам кор кунем. Ва акнун муҳиммтарин чиз кори маъмурият (миссия) аст ва на мавориде, ки шумо фавран бояд бидонед”, - гуфт хонум Галина Перфилева.

Галина Перфилиева дар соли 1978 доктории пизишкиро аз Донишгоҳи давлатии тибии шаҳри Мински Белорус дарёфт кардааст. Пас аз он, ӯ дар соҳаи тандурустии умумӣ ва мудирият омӯзиш дид.

Вай соли 1991 барои пешгомӣ дар умури мудирияти тандурустӣ идрори Келлогаро ба даст овард.

Хонум Перфилиева беш аз 25 сол аст, ки дар замина манобеъи инсонии соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунад. Ӯ ба унвони мудири маркази ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар умури парасторӣ дар Русия ва мушовири созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият доштааст.

Вай дар соли 2003 ба дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷаҳонӣ пайвастааст. Чанд соли ахир намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон аст.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон 30 апрел аввалин мавориди ин бемориро дар кишвар эътироф кард. Ҳамон рӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоотро таъйид намуд.

Барчаспҳо:
шарҳ, вазифа, тарк, тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ