10:25 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
298501

Мақомоти Тоқикистон тасмим гирифтаанд, як шифохонаи мобилӣ ё гардонеро ба таври фаврӣ дар Душанбе таъсис диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Бино ба иттилооти восила ба Sputnik Тоҷикистон, ин шифохона тайи беш аз як ҳафта бояд дар варзишгоҳи “Бофанда”, воқеъ дар рӯ ба рӯи Корхонаи насоҷии тоҷик, дар миёни мардум маъруф ба “Текстил” сохта мешавад.

“Бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон шудааст, ҳамин рӯз ё фардо бояд аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ҳудуди 120 контейнер ворид шавад ва мо аз онҳо як шифохонаи гардон ва ҳам муваққатӣ бунёд хоҳем кард”, - гуфт ин манбаъ.

Тарҳи ин шифохонаи гардон аз сӯи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии назди Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон кашида шудааст.

Қаблан Чин як шифохонаи гардони иборат аз ҳазор бистарро дар 10 шабонарӯз ва Ӯзбекистон як 500 – бистараро дар зарфи панҷ шабонарӯз сохта буданд.

"Мо ҳам талош мекунем, ки миёни як то ду ҳафта ин шифохонаи гардонро бо тамоми шароит ба истифода диҳем", - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Аммо маълум нест, ки ин шифохонаи гардон оё маҳз ҳамонеанд, ки қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастурашро дода буд. Бино ба дастури ӯ, дар пойтахт як силсила беморхонаҳои муваққатӣ бо зарфияти беш аз 3 ҳазор кат барои гирифторони “вируси корона” ё COVID-19 бояд ташкил карда шавад.

Маркази матбуотии шаҳрдори Душанбе дар иттилоияи худ гуфта буд, ки беморхонаҳои муваққатӣ бо муҳайё кардани тамоми шароити замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ба истифода дода хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 шифохона бо 5 ҳазору 284  кати хоб ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табибу корманди миёнаи тиббӣ ба дармондагон хизмат мерасонанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
Барчаспҳо:
фаврӣ, Душанбе, бемористон, мақомот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ