Эстафетаи Пирӯзӣ ба Тоҷикистон расид

© © Фото / пресс-служба ГПС КРПограничники КР передали Эстафету Победы пограничникам Таджикистана
Пограничники КР передали Эстафету Победы пограничникам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксияи байналмилалии "Эстафетаи Пирӯзӣ" аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ба ҳамтоёни тоҷикашон супорида шуд

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Эстафетаи Пирӯзиро ба Тоҷикистон низомиён аз Қирғизистон супориданд, хабар медиҳал Sputnik  Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии ҶҚ.

Фронтовая перекличка: Гафур Шерматов рассказывает о своем отце - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Дар наздикии Ржев ҷанг мекард, орден ҳам дорад – хотироти Ғафур Шерматов аз падараш

 Маросими супоридани нишони эстафета -ҷоми он дар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон "Бордобо-автодорожный" баргузор шудааст.

Аксияи "Эстафетаи Пирӯзӣ" - аксияи бузурги байналмилалист, ки кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид мекунад.

Нишони он қариб 60 ҳазор километрро тай намуда, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро убур мекунад.

Аксия 28 май дар назди қабри Сарбози номаълум дар Маскав ба анҷом мерасад.

Лентаи хабарҳо
0