09:18 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
244911

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфтааст ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд, аммо пас аз чор моҳи оромӣ ба кишвари мо низ расид

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Президенти кишвар ин нуктаро зимни як изҳороташ баён карда гуфтааст, Тоҷикистони низ дар қатори дигар кишварҳо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз замони пайдоиши ин вирус дар кишварҳои алоҳида, Тоҷикистон чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кард, вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.

“Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем”- гуфтааст раисиҷумҳур.

Президенти кишвар бо сипос аз меҳнати шабонарӯзии табибон гуфтааст, бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.

"Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем"- гуфтааст раисиҷумҳур.

Ӯ гуфтааст, мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Ба таъкиди ӯ, дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.

Раисиҷумҳури кишвар таъкид кардаастм ки шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро баҳри пешгирии ин вирус риоя кунанд ва аз онҳо даъват кардааст, ки бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.

Ӯ бо такя ба созмонҳои байналмилалӣ гуфтааст, пас аз анҷоми пандемия вазъияти иқтисодӣ вазнинтар хоҳад шуд ва аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба таҳлука дода нашаванду барои истеҳсоли маводи ғизоӣ бештар кушанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳибкорону нафарони тавонову саховатмандро ба ҳимматбаландӣ даъват карда гуфтааст, мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, ҳамчунин, бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.

Ба гуфти президент, мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.

"Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам"- гуфтааст президент.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)

Мавзӯъҳои асосӣ