17:41 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
449 0 0

Табибони вилояти Суғд дар шифоёбии бештар аз 100 гирифтори маризии сироятӣ ё “илтиҳоби шуш” комёб шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Раёсати тандурустии вилояти Суғд омори сиҳатмандии сокинон аз бемориҳои сироятӣ аз ҷумла “илтиҳоби шуш” дар як рӯзи охир дар беморхонаҳоро шарҳ дод.

Бино ба иттилое, ки ин ниҳод дирӯз дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дод, танҳо давоми 24 соати субҳи 6 ба 7 - уми май, 101 нафар аз бемористонҳои шаҳру навоҳии Суғд ба манзилҳояшон рухсат шудаанд.

"Аз ин шумор 43 нафар аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд, 33 нафар аз бемористонҳои шаҳри Истаравшан, 14 нафар аз бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ва дигар муассисаҳои ҳудуди вилоят баъди барқарор шудани вазъи саломатиашон ҷавоб шудаанд", - гуфта шудаааст, дар маълумотномаи Раёсати тандурустӣ.

Масъулини идораи беҳодштии Суғд чунин нишондоди хушбинкунандаро самари кору пайкори дастаҷамъонаи табибон арзёбӣ намудааст. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран дар ду марҳила барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID – 19 аз ҳисоби буҷҷаи вилоят ҳудуди 9, 6 милион сомонӣ ҷудо кард.

Гуфта мешавад, ин миқдор маблағ аз ҷумла барои безараргардонии шаҳру навоҳии вилоят, хариди саривақтии маводи доруворӣ ва ҳавасмандгардонии табибон масраф карда хоҳад шуд.

Шоҳрух Саидзода маоши яксолаи худро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Рӯзи гузашта ба ҳудуди 1000 нафар табибоне, ки барои ташхис ва табобати бемории каронавирус машғуланд аз сӯи ҳукумат маводи ғизоӣ аз қабили орду равғану макарон дастрас карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрел сабти нахустин 15 ҳолати сироятёбии сокинон ба бемории COVID- 19 ро тасдиқ намуд. Ҳоло бар пояи маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳолати бегоҳии рӯзи 7 -уми  май теъдоди гирифторони "вируси корона" дар кишвар ба 461 нафар расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ қурбон шудаанд, ба 12 нафар афзудааст.

"Ба ҳолати шоми 7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 345 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд", - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, беморон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ