17:08 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

Шахси ғайриоддӣ дар як манзили хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Нафаре, ки маргро фиреб дода то Берлин рафт ва сипас зиндагияшро дар Тоҷиикистон идома дод

ДУШАНБЕ, 9 мая – Sputnik. Олег Дмитриевич Соболев яке аз ҳимоятгарони Ленинград буда, дар Эстония "кушта" шуд, аммо сонӣ ба Прага омад ва пас аз ин 65 соли дигар ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ кард. Бо шурӯъ шудани ҷанг Олег Соболев ҳамагӣ 17 – сол дошта, хонандаи бисёр фаъол будааст. Мактабро бо баҳои аъло хонда, пайваста дар чорабиниҳои мактабӣ ва варзишӣ иштирок мекард. Олег қаҳрамони Лененград оид ба паридан ба дарозӣ мебошад. Мебоист таҳсилашро дар донишкада идома дод...аммо

Дигаргунии куллӣ дар 22 июни соли 1941.

"Дар мавриди оғози ҷанг мо аснои аз сайру гашт омадан дарак ёфтем, - мо шаш кас будем. Ҳамраҳи ман Лев Бушуева саги сафед бо номи Гастон дошт, ки дар чоҳ афтода муддати дароз аз мо мегурехт. Борҳо фикр мекунам, ки шояд тақдири Лев аз ӯ гурехта буд: зеро ӯ нахустин шуда дар ҷанг қурбон шуд”, - ба ёд меорад бузургсолори ҷанг.

Маргро фиреб дод

Ин ҷанг 23 сентябри соли 1941, замоне рух дод, ки ин ҷавон ба таври ихтиёрӣ дар қисми баталони муборизи КХУД(Комиссияи халқии умури дохилӣ) посбон буд. Шабона, милисаҳо бонги хатар зада, амр дода шуд, ки дар минтақаи наздикии Питергоф дар ҳолати омодабош қарор гиранд ва то омадани тақвиятҳо мунтазир шаванд.

Ба изҳори Соболев, замоне, ки немисҳо наздикшавии онҳоро диданд, фавран оташ накушоданд. Онҳо бар ин назар буданд, ки одамон бо либоси ғайриҳарбӣ барои таслим шудан омаданд

"Тирпарронӣ сар шуд, мо аз чӯб дастгоҳи муҳофизатӣ омода кардем ва асное, ки рақибон ба сӯйи мо оташ  кушоданд, тир ба дастгоҳи муҳофизатӣ бархӯрд, ва ба мо асаре накард.

Бегоҳи рӯзи баъдӣ аз Ленинград лавозимот ворид шуд ва кормандони милитсияро ба хонаҳо ҷавоб доданд. Аммо Соболев танҳо як рӯз дар хона монда, рӯзи дигар ба суоли нигаронкунандаи модараш: "Кай туро боз ҷавоб медиҳад?" – саросемавор ҷавоб гардонд: "Фардо". Аммо фардои ӯ танҳо соли 1945 расид. Замоне, ки немисҳо волидони Дмитрийро ҳамчун синфи меҳнаткаш ба Латвия фиристоданд.

Олег Соболев и его мать Мария Андреевна. Латвия, 1946 год
Личный архив О. Соболева
Олег Соболев и его мать Мария Андреевна. Латвия, 1946 год

Муборизи ҷавонро дар пеш зимистони шадиди солҳои 1941/42: гуруснагӣ ва дистрофия  интизор буд. Олег 18 – умин солгарди худро дар миёни баталони барқароршаванда пешвоз гирифт, аз он ҷо пас аз омӯзиши кӯтоҳ ӯро ба бригадаи 50-уми баҳрӣ интиқол доданд ва дар он ҷо ба минамётчик табдил ёфт.

Боре дар рӯзнома дар бораи снайпери тоҷик Тешабай Одилов, ки беш аз 100 нафарро куштааст, хондааст. Ҳамкорони Соболев тасмим гирифтанд, ки ба мисли тоҷики ғайюр бо таппонча дар хати пеш қарор мегиранд ва ба маҳви душман мепардозанд.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

"Нишонгир болои арча баромада аломатеро интихоб мекард ки дар ин фурсат ман тавонистам 8 минро ба ҳадаф расонам. Ҷамъан 20 ҳамлаи мо бо мин нишонрас буданд”, - изҳор доштаст иштирокчиии ҷанг.

Моҳи январи 1944 артиши Шӯравӣ муҳосираи Ленинградро бардошт ва Олег Соболев ба фронти 3-юми Белоруссия интиқол дода шуд, ки давлатҳои Балтикаро озод кард.

Ин ҷо муборизи ҷавонро “куштанд”.

"Дар Эстония бисёр ҷанги шадид мерафт. Ман дар хандақ ҷой гирифтам, вале дарк мекардам, ки ин ҷо бехавф нест. Аз ин рӯ даҳ метр аз хандақ дур рафтам. Ҷойи маро як сарбози дигар фавран гирифт. Дар ин айём он сарбоз аз интиҳори мин кушта шуд ва командир фикр мекард, ки он ҷо ман будам ва қурбон шудам”

Соболев то ҳол хуб макони “мазори” худро дар ёд дорад. Ӯро дар деҳаи Кадова қатори дуюм ва ҷойи 28 “дафн” карданд. Дар мавриди макони қабри ӯ модараш дар асоси номае, ки дастрас карда буд, нақл кард.

"Модарам ба хабари фавти ман бовар накард ва маротибаи дигар нусхаи тасдиқкунандаи марги маро талаб намудаст. Хушбахтона , ин навбат ба модарам хабари  таъиноти нави маро расонданд”, - ба ёд меорад Соболев.

Аз низомӣ ба рӯзноманигор гузариш кард

Ҳамин тавр дар Фронти 1-уми Украина  дар идораи марказӣ ҳамчун оператори радио хидмат мекард ва ба медали "Барои далерӣ" қадрдонӣ карда шуд. Ӯ аз наздик шудани душман фавран хабар расонда буд ва бевосита худаш низ дар майдони набард иштирок мекард. Нуҳуми май Соболев аллакай дар Прага буд.

 

Таджикистанец Олег Соболев (слева в среднем ряду) с однополчанами. Чехословакия, май 1945 года
© Фото : Из личного архива О. Соболева
Таджикистанец Олег Соболев (слева в среднем ряду) с однополчанами. Чехословакия, май 1945 года

 

"Пас аз чанд соли хизмат дар Олмон, барои муддати тӯлонӣ ҷойи кор ёфтан натавонистам. Зеро мактабро то синфи 9 – ум хонда будам ва ба ҷузъ аз тир парондан, дигар ягон кореро ба сомон расондан наметавонистам”, - бо ёдоварӣ аз баргаштани худ ба ҳаёти муқаррарӣ изҳор доштаст ӯ.

Хушбахтона, яке аз шиносҳои ӯ хоҳиш намуд, ки барои рӯзнома қайде бинависад. Қайди навиштагии ӯ писанд омад ва бар ивази меҳнати ҳалоли худ  ҳақмузди хуберо ҳам гирифт. Он замон 50 рубл барои муаллифи навқалам маблағи калон буд.

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

Соболев аллакай имкони дохил шудан ба мактаби Комсомоли марказиро дар шӯъбаи рӯзноманигории Маскав дошт, аммо ҷанги сард босуръат ҷараён дошт ва ба ҷойи дафтарчаи  донишҷӯӣ ба вай рутбаи офитсерӣ дода шуда, ба хизмат дар Сталинобод фиристода шуд. Бо гузашти ду сол офитсери  ҷавонро ба кор гирифтанд.Таҷрибаи кори рӯзноманигорӣ ба ӯ кумак кард то дар “Тоҷикистони Сурх”- мақоми асосии матбуоти ҶШС Тоҷикистон ба кор дарояд. Сипас дар соли 1959 ба Агентии телеграфии Тоҷикистон, ки баъдан ба Ховар тағйири ном кард, рафт ва дар он ҷо то соли 2012 фаъолият менамуд.

Соболев ҳамчун як журналисти пухтакор зуд ном баровард. Ҳатто боре ба суроғи ӯ худи роҳбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, нишони улуми советии тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров омадааст.

"Боре Мухамед Сайфитдинович (Осимов),роҳбари Академияи улум, дархост намуд, ки ба пеши ӯ ҳозир шавам. Ман вориди утоқи кории ӯ шуда,  ҳамроҳаш як шахси барои худам ношиносро дидам. Моро шинос карданд  ва аз он нафар Бобоҷон Ғафуров ном бурданд. Ғафуров пешниҳод намуд, ки дар бораи дастовардҳои олимони ҷумҳурӣ нависам. Мавзӯъ барои ман албатта норӯшан буд, аммо дархости  Бобоҷон Ғафуровро ба замин нагузоштам”, - афзудаст Соболев.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС, ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Соболев он замон қариб аз захми тир кушта мешуд, вале зинда монд ва Тоҷикистон низ ба зиндагии осоишта баргашт.

Тӯли солҳои зиёд, сарбози пешсаф, комилан нобиност ва зани ӯ Валентина ба ёрдамчӣ ва котиби наздиктаринаш табдил ёфтааст. Аммо бо вуҷуди гум шудани биниш, Олег Соболев дар 96 солагӣ комилан зиракии худро аз даст надодааст: бидуни дудилагӣ шеърҳои шахсии худро қироат мекунад ва рӯйдодҳои солҳои гузаштаро дақиқ ба ёд меорад.

Аммо чизи асосӣ хотираҳои ӯ дар бораи набардҳо аст. Хотираҳои нақлкардаи ӯ, гӯё на 75  - сол пеш ба вуқӯъ пайвастаанд, балки дирӯз ҳами ин ҳодисотро пушти сар карда бошад. Чунон бо диққатона ва таг ба таг воқеаҳоро нақл мекунад, ки гӯё танҳо дирӯз аз ҷанг баргашта бошад.

Мавзӯъҳои асосӣ