18:47 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
360101

Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаву гуфтугузорҳои ба маризии "вируси корона" печидани тамоми ҳайати раҳбарӣ ва аз кор мондани ин ниҳодро рад кард

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Генерал-майори милитсия Акбар Насимзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, худи ӯ шахсан ду ҳафта дар шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти тадовӣ қарор дошт ва ду рӯз ба ин сӯ дар манзилаш қарантина шудааст:

"Вируси корона" ё "пневмония" буд, ки ҳоло, Худоро шукр, хубам. Андаке азият буд, аммо ҳоло хеле беҳбуд ёфтаам ва пизишкон ҳам гуфтанд, ки дигар хатари ҷиддие ба зиндагии шумо нест, аммо то як-ду ҳафтаи дигар бояд эҳтиёт кунам”, - гуфт сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Қаблан ин овозаву дарвоза дар Душанбе афтода буд, ки генерал-майор Акбар Насимзода, сардор ва чанд муовину сардорони раёсату шӯъбаҳои БДА – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ташхисҳои гуногун, аз ҷумла "вируси корона" ва "илтиҳоби шуш" – и дараҷаи миёна қисман ба шифохонаҳо интиқол ёфта, қисми дигар дар хонаҳои худ қарантина ва бо табобати хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон гуфта мешуд, ки афроди бо онҳо дар тамос буда низ дар манозили худ таҳти қарантина қарор гирифтаанд ва вазъи ҳама муътадилу бидуни нигаронӣ гузориш мешуд.

Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ба истиснои худаш тамоми муовинон ва сардорони шуъбаҳои ин ниҳод сари кор буда, вазифаи худро анҷом медиҳанд.

"Ҳама дар хизмат ва сари вазифаанд. Ба ҷои ман иҷрокунандаи вазифаи сардори БДА - муовини аввалам Мирзо Сафарзода раҳбарӣ мекунад. Мо ҳамарӯза дар тамосем. Ягон ҳодисаи хос нест. Овозаҳо асос надоранд”, - гуфт сардори БДА - и Тоҷикистон.

Акбар Насимзода Ғиёс, генерал-майори милитсия, 58 сол дошта, аз соли 1985 дар сафи милиса ва маҳз БДА – и Тоҷикистон буда, дар чанд шаҳру навоҳӣ ва ниҳоят худи вилояти Хатлон ин ниҳодро раҳбарӣ кардааст.

Аз 19-уми апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд.

Генералҳои дигар

Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Акбар Насимзода, сардори БДА, чорумин фарди баландпояи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки аз гирифтории онҳо ба "вируси корона" ё "пневмония" овозаву гузоришҳои мутааддиде ба шабакаҳои иҷтимоӣ дарз мекунанд.

Қаблан аз ибтилои Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва бистарӣ шудани ӯ дар шифохона хабару овоза паҳн шуд, ки раёсати мазкур бистарӣ шудани ӯ дар шифохонаро рад карда, бо мақсади эҳтиёт дар хона гӯшанишинӣ кардан ба далели шамолхӯриро таъйид карда буд.

Шояд далели боризтарини саломатии Шоҳрух Саидзода ин буд, ки 5 май маоши яксолаи президентиаш дар клуби футболи “Истиқлол” – ро ба суратҳисоби махсуси маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 интиқол дод.

Ахиран шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтории боз ду генерал-майори дигар, ки ҳардуи онҳо низ соли 2017 дар вазифаҳои худ таъин шуда буданд, яке, Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазир ва дигаре, Фотеҳ Қунғуротзода, сардори раёсати нақлиёти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба "пневмония" ва интиқоли онҳо ба Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон хабар доданд.

Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ду генерал низ аз марҳалаи вазнини "пневмония" раҳо шуда, ҳамоно дар шифохонаи фавқуззикр қарор доранд.

"Хатаре ба зиндагии онҳо нест”, - гуфт манбаъи мо.

Ин ҳама таҳаввулот бозгӯӣ аз он мекунад, ки дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи "пневмония" ё "вируси корона" дар ғафлат монданд ва ин душмани номаръӣ дасти кам се генерали онро бистарӣ кард.

Шояд ба ин хотир буд, ки 30 апрел вақте аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистон эълон шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон маоши худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо ин маризӣ интиқол дод, ВКД аввалин ниҳоде буд, ки ин сабқатро дастгирӣ кард ва ҳайати раҳбариаш 50 дарсади маоши вазифавиашро ба ин ҳисоб таҳвил дод.

1 май Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар як ҷаласаи видеоӣ аз сардорону кормандони ин вазорат хост, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар паҳлуи мардум бошанд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки ба таҳлука дода нашаванд.

"Нақшаҳои давлату ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсӣ (фосила аз дигарон, истифодаи ниқоби тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй) - ро риоя кунанд", - гуфт Рамазон Раҳимзода.

Зимнан, бино ба гузоришҳое, ки аз саросари Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон мерасанд, кормандони милиса аввалин нерӯе буданд, ки ба миёни мардум рафта, ҳарф аз гигиенаву беҳдошт заданд ва аз мардум хоҳиш карданд, ки бидуни зарурат хонаҳояшонро тарк накунанд.

Як чизе, ки хориҷ аз тасаввури як милиса аст, аммо ин аввалин зиддиҳамлаи ВКД дар ин набардест, ки поёнаш, он гуна ба назар мерасад, маълум нест...

Барчаспҳо:
генерал, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ