Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори COVID-19 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон: 6 фавт ва 90 мавриди ҷадид

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПрохожие на улице в Душанбе в медицинских масках
Прохожие на улице в Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтидагон ва гирифторон ба маризии “вируси корона” ё COVID-19 дар як рӯзи ахир хабар дод.

ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и имрӯз – 9 май теъдоди гирифторони "вируси корона" дар кишвар ба 612 нафар (90 мавриди ҷадид) расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, 6 нафар афзуд ва ба 20 нафар расид.

"Дар як шабонарўзи охир 552 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд", - омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то бегоҳии 9 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 4738 нафар зери назорати табибон қарор дошта, тайи шабонарӯзи охир ҳамин 552 нафар сиҳат ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0