19:33 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
201 0 0

Рӯзи даҳуми май дар Қирғизистон Рӯзи кормандони бонкдорӣ, дар Руминия Рӯзи истиқлолят ва дар Олмон Рӯзи китоб ҷашн гирита мешавад

Рӯзи 10 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1811 дар Англия пули қоғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

Соли 1930 Клуби футболи Русия — "Ростов" таъсис дода шуд.

Соли 2017 нашри русии маҷаллаи маъруфи "Нешнл Ҷеографик" («National Geographic») шоҳроҳи Помирро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил кард.

Рӯзи 10 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 пули миллии Тоҷикистон – рубли тоҷикӣ ба муомилот баромад.

Продавец в магазине считает сдачу
© Sputnik / Амир Исаев
Продавец в магазине считает сдачу

Соли 2011 барандаи як зумра мукофоти байналмилалӣ, Рассоми Халқии Тоҷикистон Суҳроб Қосимов бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Рӯзи Шашмақом Фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом баргузор гардид.

Национальный ансамбль Шашмаком, архивное фото
© Sputnik / Сергей Субботин
Национальный ансамбль "Шашмаком", архивное фото

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи серӯзаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

День 9 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони муҳандисӣ-техникии Неругоҳи барқи обии Роғун мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 май

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

Дар Руминия – Рӯзи истиқлолият.

Дар Олмон  — Рӯзи китоб.

Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ