13:24 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
624 0 0

Мақомоти вилояти Хатлон элон намудааст, ки дар дӯ рӯзи ахир аз беморхонаи ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 110 нафар, ки бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ буданд, пас аз дармон ёфтан ба хонаҳои худ баргаштанд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, санаи 9 май, аз Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар зиёда аз 40 нафар беморон, ки бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ буданд, пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Давлатмурод Бояков, муовини сартабиби беморхона таъкид доштааст, ки  дар ин бемористон, ки муваққатан ба дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ табдил дода шудааст, зиёда аз 610 кат барои беморон омода гардидааст.

“То имрӯз 200 нафар бистарӣ шуда, хушбахтона, дирӯз 70 нафар ва имрӯз бошад, 40 нафари онҳо пурра табобат ёфта, дар ҳолати қаноатбахш ба манзилҳояшон ҷавоб дода шуданд”, - қайд намудааст Давлатмурод Бояков.

Ҳамзамон беморон ва табибон аз дастгирии шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ карда истодаанд ва аз ҷиҳати таъмини доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ таъмин месозанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барчаспҳо:
Хатлон, пизишкон, дармон, бистарӣ, Бохтар, беморхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ