17:06 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
387401

Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон аз сокинони вилояти Хатлон хост бо қарантина кардани худ ва хонаводаҳояшон аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Азим Иброҳим, киаз рӯзҳои дуввум то ҳаштуми май дар вилояти Хатлон ҳузур дошт, бо мақомоти вилоят омодагӣ барои мубориза бо коронавирус  дар 25 шаҳру ноҳияи ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор додааст иттилои радиои Садои Хуросон.

Тибқи иттилои манбаъ, Азим Иброҳим аз соинон хостори қарантинаи довталабонаи хонаводаҳо шудааст.

Вай таъкид доштааст, ки дар ҳар хонавода бояд як нафар масъули анҷоми хариди маводди ғизоӣ, дору ва васоили безарагардонӣ ба монанди хлор шавад ва бақия то ҳадди имкон аз хонаҳо берун нараванд.

Инчунин, муовини нахуствазир Тоҷикистон бо фаолияти марокизи тавлиди ниқоби тиббӣ ва дасткаши тиббӣ низ ошно шуда ба мақомоти вилояти Хатлон дастур додааст, ки бо контроли бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ аз афзоиши нархи маводди ғизоӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди афроди мубтало ба коронавирус дар ин кишвар то шомгоҳи рӯзи шанбе нуҳуми май ба 612 нафар расидааст. Шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, ба 20 нафар расидааст.

Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ, вирус, хонавода, Хатлон, Азим Иброҳим, сарвазир, муовин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ