00:30 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
342 0 0

Раисҷумҳури Қирғизистон тибқи як фармони ахираш се ҳазор нафар аз ҷумла афродеро, ки синнашон бештар аз 55 сол аст афв кард

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Соронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон тибқи як фармон 3000 зиндониро афв кар, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” .

Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қирғизистон ба муносибати солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солгарди инқилоби 2010, дар ҳукме 3000 зиндониро озод кард.

Тибқи фармони раисҷумҳур, афроди бо синни бештар аз 55 сол, маълӯлон, зиндониёни дучори бемориҳои уфунии хатарнок, бевазаноне, ки дорои фарзанд ҳастанд, озод мешаванд.

Бино бар иттилои мнабаъ фармони мазкур дар Маҷлиси Қирғизистон низ тасвиб шуд.

Чанде пеш раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз маризии коронавирус даҳо ҳазор маҳбусро раҳо мекунад.

Мавриди афви расиҷумҳур нафароне қарор мегиранд, ки  ҷиноятҳои сабукро содир намудаанд ва ба ҷомеа хавфе надоранд.

Бар хабари сомонаи TOLOnews, кишвардори Афғонистон аллакай зери қарори афви маҳбусон имзо гузоштаст ва давоми 10 рӯзи оянда даҳҳо зиндонӣ ба озодӣ мебароянд.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, зиндониён, фармон, афв, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ