17:48 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4082 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои як фармон ваколатҳои судя Мирусмон Рауфзодаро қатъ намуд

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Бар асоси фармон, ки котиботи раисиҷумҳур нашр кардааст, далели қатъи ваколатҳои Рауфзода фавташ мебошад.

“Ваколати судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Рауфзода Мирусмон Мирҳаким бинобар вафоташ қатъ карда шавад”, - омадааст дар фармон.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ваколати судяи суди шаҳри Душанбе Муминзода Ҳусейнро бинобар вафоташ қатъ карда буд.

Дар Узбакистон судяҳо якумра таъин мешаванд

Дар Тоҷикистон судҳои сатҳи гуногун, аз ноҳиявӣ то додгоҳи олиро раисиҷумҳур таъйин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқот бо мақомдорони додгоҳҳо аз аҳамияти ин ниҳод дар таъмини адолат дар кишвар гуфта, масъулинро ба кор бо дасту дили пок даъват намуд.

“Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад” – гуфт раисҷумҳур.

Мавзӯъҳои асосӣ