14:42 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4676 0 0

Нозим Иброҳимзода, ки имрӯз бо қарори Ҳукумат, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, то ҳол сардори Хадамоти давлатии оташнишонӣ буд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тибқи ҳолномаи генерал Нозим Иброҳимзода, ки дар сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр шудааст, ӯ то ҳол сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон буд.

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи ВУД, Иброҳимзода Нозим - генерал-майори хизмати дохилӣ, санаи таваллудаш 4 феврали соли 1965, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи махсуси техникӣ ва олии ҳуқуқӣ мебошад.

Таъкид шудааст, ки Иброҳимзода таҷрибаи 35-солаи кор дар мақомоти умури дохилиро дорад.

“Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 октябри соли 1985. Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст”, - омадааст дар муаррифинома.

Генерал Нозим Иброоҳимзода, ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон
акс аз сомонаи ВКД Тоҷикистон
Генерал Нозим Иброоҳимзода, ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон

ВУД иттилоъ додааст, ки Иброҳимзода аз ҷумла дар мақоми муҳандиси хадамоти давлатии оташнишонии РКД вилояти Суғд, муҳандиси калони РХДО, ёрдамчии калони қисми навбатдории РХДО, сардори шӯъбачаи назорати давлатии оташнишонии РХДО, муовини сардори РХДО, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд кор карда, солҳои охир роҳбарии ин сарраёсатро ба уҳда дошт.

Нозим Иброҳимзода дар мақоми муовини вазир, Умарзода Икром Исломро иваз кард, ки ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ